Бо гранти JICA 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония тасмим дорад, ки дар доираи татбиқи як тарҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии дорои таҷҳизоти лозима харидорӣ намояд. Дар ин росто, дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) созишномаи грантӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ» ба имзо расид. Дар ин хусус Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сарчашма хабар медиҳад, ки санади мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки арзиши умумии лоиҳа аз ҳисоби гранти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ 771 миллион йени японӣ, муодил ба 7,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






