Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон системаи электронии идоракунии таълим – LMS роҳандозӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳоло дар зиёда аз 42 давлати ҷаҳон фаъолият мекунанд. Имрӯз донишгоҳ мавқеи байналмилалӣ касб намуда, тавонистааст бо дастпарварони худ баҳри солимии ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда, Донишгоҳи тиббӣ дар тӯли 80 соли фаъолият беш аз 43 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи тиб омода намудааст. Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 1400 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 давлати дунё таҳсил мекунанд.
«Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ- ин фаъолияти байналмилалӣ ва эътироф аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад. Ҳоло донишгоҳ бо 125 муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкории дуҷониба амалӣ намуда истодааст. Тибқи амалишавии шартномаҳои мазкур, дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академии таълимӣ, Мактаби байналмилалии тобистонаи илмӣ-амалӣ, корҳои муштараки табобатӣ ва тадқиқоти илмӣ-амалии мууштарак гузаронида мешаванд»,-афзуд Ректори донишгоҳи тиббӣ.
Ба зикри номбурда, дар шаш моҳ дар ДДТТ 9 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амал қарор дода шуданд, ки онҳо аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.
Ҳоло сифати таълим дар донишгоҳ хуб буда, ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии он тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ LMS (системаи электронии идоракунии таълим) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунанд. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, мустақилона метавонад ба он ворид гардад ва ҳамаи маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳои худро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тариқи on-line дастрас намояд.
«Инчунин дар биноҳои таълимии Донишгоҳи тиббӣ портҳои электронии маълумотӣ гузошта шудаанд, ки донишҷӯён бо қайди изи панҷаашон ба кабинети инфиродии худ ворид мешаванд. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон ворид шуда, доир ба таҳсил ва иштироки онҳо дар дарсҳо маълумоти муфассал дастрас намоянд»,- гуфт Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






