Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

Июль 5, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он  як кӯпрук дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд  мегарданд.

Дирӯз, 4 июл Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд  мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар роҳи номбаршуда чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида,  хати сабзазор бунёд мегардад. Дар ҳар ду канори роҳ дарахту буттаҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд.

«Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаро  ҷиҳати   сари вақт, бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом додани корҳои сохтмони роҳи мазкур ҷалб намуд»,-афзуд манбаъ.

Июль 5, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад