Дар Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон серпентарияи тобистона бунёд мегардад

Июль 9, 2019 16:01

ДУШАНБЕ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон серпентарияи тобистона (биное, ки дар он морҳои заҳрнокро нигоҳубин ва парвариш мекунанд) таъсис дода мешавад. Тибқи нақша, серпентарияи тобистона то ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.    Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад.

Бино ба нақли ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов, дар ибтидои солҳои 80-ум дар назди Институт серпентария  мавҷуд буд. Он то соли 1995 фаъолият карда, сипас корношоям гардид. Бо талошу кӯшишҳои раёсати Академияи илмҳои кишвар се сол қабл серпентария дубора барқарор ва фаъол гардид. Тӯли се сол аст, ки олимони тоҷик дар ин самт натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст овардаанд, ки барои истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ мусоидат менамоянд.

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Павловскийи Академияи илмҳо, номзади илмҳои биологӣ  Файзалӣ Ҳакимов иброз намуд, ки ҳоло дар серпентарияи болопӯшида 42 сар морҳои кӯброи осиёмиёнагӣ ва гурза дар қафасҳо дар шароити ба табиат наздик  парвариш меёбанд. Дар қафасҳо қум, об, ҷойҳои истироҳат, паноҳҷойҳо ва рушноии сунъӣ фароҳам оварда шудаанд. Зеро барои сифати баланди заҳр омилҳои муҳит нақши калон доранд. Масоҳати серпентарияи болопӯшида тахминан 60-70 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Морҳои кӯбро (кобра) ва гурза (гюрза) аз табиат бо риояи тамоми муқаррароти зарурӣ ба серпентария оварда мешаванд.

ДАР АКС: хабарнигорни АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо директори институт Файзалӣ Ҳакимов суҳбат мекунад.

 «Тибқи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, то моҳи сентябри соли равон дар шафати серпентарияи болопӯшида бо мақсади баланд кардани сифати заҳр серпентарияи тобистона бунёд мегардад. Серпентарияи тобистона ба шароити ба табиати морон наздиктар мутобиқ карда мешавад. Он имконият медиҳад, ки морҳо дар бинои кушода аз рушноии табиӣ баҳра баранд, ки ин ба  баланд шудани сифати заҳр мусоидат менамояд»,- мегӯяд Файзалӣ Ҳакимов.

Ба гуфтаи номбурда, морҳо сардхун ҳастанд ва ҳарорати бадани онҳо ба ҳарорати муҳит баробар аст. Муҳит ки дигар шуд, баробари паст фаромадани ҳарорат қобилияти фаъолияти ҳаётии онҳо суст мегардад.  Одатан дар нимаи дуюми моҳи октябр ва аввали ноябр тамоми морҳо ҳамчун ҳайвоноти сардхӯр ба ҳолати оромӣ мегузаранд ва то фарорасии баҳор ба хоби зимистона мераванд.

Дар Тоҷикистон аз ҳама мори калонҷусса гурза ва кӯбро ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти илмӣ, дарозии мори гурзае, ки чанд сол пеш аз  мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»  ёфт шуда буд, 1 метру 92 сантиметрро ташкил дод. Дар серпентарияи мазкур дарозии кӯбро ва гурза то якуним метр буда, 2 кило вазн доранд.

Ин морҳо то 16 сол умр мебинанд ва дар серпентария хӯрокашон асосан паррандаҳо мебошад. Бинобар ҳамин сифати заҳри онҳо дар муқоиса ба заҳри мори кӯброи баъзе кишварҳо ба маротиб хубтар аст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 15 намуди морҳо мавҷуданд, ки 5 намуди онҳо- мори кӯброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъӣ, сипарфуг ва тирмор ба гурӯҳи морҳои заҳрдор дохил мешаванд. Вале дар тиб танҳо аз заҳри мори кӯброи осиёимиёнагӣ ва гурза ба таври васеъ истифода мешавад.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов мақсади асосии ташкил кардани серпентарияро дар шароити сунъӣ парвариш кардани ду намуди морҳои заҳрноки кӯҳистон-мори кӯброи осиёимиёнагӣ ва гурза арзёбӣ намуд.

«Зарурати ташкили ин парваришгоҳ, пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки солҳои 80-уми асри гузашта муайян карда шавад, ки оё ин морҳои заҳрнок дар шароити сунъӣ афзоиш меёбанд ё не. Зеро ҳам кӯброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурза ҳамчун морҳои нодир зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта, ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва рӯйхати сурхи Ташкилоти байналмилалии ҳифзи табиат дохил карда шудаанд. Мақсади дигари ин серпентария, албатта, гирифтани худи заҳри мор аст. Заҳри мори гурза ва заҳри кӯброи осиёимиёнагиро дар тибби имрӯза васеъ истифода мебаранд. Таҳдидҳо нисбат ба ин морҳо зиёд аст ва саршумори ин намуди морҳо сол аз сол маҳдуд мегардад. Мақсад ин буд, ки дар шароити сунъӣ шумораи онҳо афзоиш дода шавад ва насли онҳо ба ҳамон ҷойҳои муқимие, ки зиндагӣ мекунанд, сар дода шавад, то шумора барқарор карда шавад»,-илова намуд А. Саидов.

ДАР АКС: ноиби президенти АИ Тоҷикистон профессор Абдусаттор Саидов.

Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон омадааст, ки кӯброи осиёимиёнагӣ дар ҳудуди Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ паҳн шудааст. Умуман он дар водию дарёҳо, дашту биёбонҳо ва пасткӯҳҳо, аз ҷумла поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Вахш, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ ва доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор паҳн гардидааст. Саршумори кӯбраи осиёимиёнагӣ дар 7 км аз 1-2 фард зиёд нест.

Мори гурза паҳншавии нисбатан васеъ дорад. Онро дар соҳили дарёи Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Обихингоб, Қаратоғ, Варзоб, Харангон, Зарафшон, Сангвор, атрофи боғи ботаникии Институти биологии Помир, Бартанг ва дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар баландиҳои 270-2800 метр аз сатҳи баҳр вохӯрдан мумкин аст. Ӯ зери сангу буттаҳо ва лонаҳои хояндагонро ба сифати паногоҳ истифода мебарад. Аз рӯи маълумот, саршумори гурза дар 10 км аз 1-2 адад зиёд нест.

Бино ба маълумоти А. Саидов, солҳои охир муҳити табиии зисти ҳарду морҳои заҳрнок хеле таназзул ёфтааст. Масалан, туғайзор, дашту биёбонҳои регзор, ки дар он ҷойҳо ҳарду намуди морҳо паҳн гардидаанд, бо мақсади кишоварзӣ аз худ карда шуданд. Ин азхудкунӣ ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта оғоз ёфта буд. Яъне масоҳати зисти онҳо маҳдуд гашт ва ин омил, албатта, ба маҳдуд шудани шумораи онҳо сабаб шуд. Омили дигар, ин зери таъқиби инсон қарор гирафтани онҳо мебошад.

«Аз кӯдак сар карда, то одами калонсол кадом намуди морро бинад, ҳатман кӯшиш мекунад, ки ӯро нобуд созад. Вале набояд фаромӯш кард, ки морҳо як ҳалқаи хоссаи экосистемаҳои табиӣ ба ҳисоб мераванд ва дар экосистема барои занҷири ғизо аҳамияти калон доранд. Масалан, аксар намуди морҳо дар танзими хояндагони мушмонанд, ки касалиҳои зиёдро паҳн мекунанд, нақши хосса доранд. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳарду намуди ин морҳо ба ҳифзу нигаҳдорӣ эҳтиёҷи хеле зарурӣ доранд», -ибрози андеша намуд олими тоҷик.

Зикр гардид, ки заҳри ин намуди морҳо хусусияти ба худ хос доранд ва омӯзиши таркиби онҳо имконият медиҳад, ки ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли дору васеъ истифода бурда шаванд. Заҳри кӯбро хусусияти невропоролитикӣ дорад. Яъне дар натиҷаи газидани кӯбра системаи асаб фалаҷ мегардад. Рагҳои хунгарде, ки дар мағзи сар ҳастанд, варам карда мекафанд ва инсон ба ҳалокат мерасад.

Ҳамин хусусияти  заҳри кӯброро ба назар гирифта, аз он доруҳое тайёр мекунанд, ки воситаҳои таскинбахши дард мебошанд. Масалан, кобротаксине, ки  аз заҳри кӯбро истеҳсол карда мешавад, имрӯзҳо дар саноати дорусозӣ барои касалиҳои радикулит, ревматизм, буғумдард, умуман таскин бахшидани он дардҳое, ки хусусияти неврологӣ доранд, васеъ истифода бурда мешавад.

Заҳри гурза дар таркибаш моддаҳои заҳрноке дорад, ки боиси лахташавии хун мегардад. Ҳангоми газидани гурза дар рагҳои хунгарди инсон тромбаҳо пайдо шуда, лахташавии хун пайдо мешавад ва дил аз кор мемонад.

Тавре А. Саидов иброз дошт, ҳангоми газидани морҳои заҳрнок барои безарар кардани он аз позаҳрҳо истифода мебаранд. Дар беморхонаҳо, дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ бар муқобили заҳри мор позаҳрҳо нигоҳ дошта мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ҷумҳуриямон позаҳр истеҳсол намешавад ва он аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.

«Ёрии аввалин ба шахси моргазида аз ҷои газида ҳарчи зудтар макидани заҳр мебошад. Агар то 10 – 15 дақиқа заҳр аз бадани одам берун оварда шавад, беҳтар мебошад. Ин амалро ҳам бояд шахсе анҷом диҳад, ки касалии дандон надошта бошад. Зеро тариқи милкҳо метавонад ин заҳр ба нафари дигар таъсири манфӣ расонад. Олимон   аз ҷойи газидашуда болотар бастанро тавсия намедиҳанд. Дар ин маврид гардиши хун тағйир ёфта, мушкилиро бештар мекунад»,-таъкид намуд ҳамсуҳбат.

Таҷрибаи мутахассисону коршиносоне, ки ба омӯзиши морҳо машғул ҳастанд, нишон додааст, ки морҳо, албатта, ба тӯъмаи худ дармеафтанд, вале хусусияти ба одам ҳуҷум кардан надоранд. То имрӯз ягон ҳодисаҳои ба одам ҳуҷум кардани морҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар аксар маврид худи инсон аз беэҳтиётӣ аз газидани мор осеб мебинад. Бисёр мутахассисон кӯброи осиёимиёнагиро мори хайрхоҳ меҳисобанд. Чунки дар вақти дилхоҳ таҳдиду хатар кӯбро сеяки бадани худро ба боло мебардорад,  шушҳои худро бо ҳаво пур мекунад ва бо садои таҳдидомези фашшосзанон мехоҳад, ки душмани худро дур созад. Ин воситаи худмуҳофизатӣ аст ва агар инсон аз ин таҳдиди мор дур равад, боз  кӯбро роҳи худро идома медиҳад. Бинобар ин бояд ҳар як нафар аввал эҳтиёткор бошаду дуюм барои ҳифз намудани мавҷудоти нодири табиат талош варзад.

Олими тоҷик гуфт, ки дар айни ҳол парвариши морҳо дар серпентария хеле хуб ба роҳ монда шуда, захираи муайяни заҳр ҳам гирифта шудааст. Ҳоло Академияи илмҳо дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ташкили як муассисае, ки ба банду баст ва коркарди заҳри мор машғул бошад, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. То корхонаҳои коркарди заҳри мор барои истеҳсоли доруи ватанӣ ба роҳ монда шаванд.

Заҳри ин морҳоро ҳамчун ашёи хом фурӯхтан аз лиҳози иқтисодӣ он қадар даромади зиёд намеорад. Агар ашёи хом коркард шавад, яъне аз онҳо дору истеҳсол карда шавад, самараи хуб ба даст меояд. Аз як мор дар шакли моеъ 1–2 грамм заҳр гирифтан имкон дорад. Заҳри морҳоро дар як моҳ ба хотири ба онҳо таъсири бад нарасондан як – ду бор гирифтан беҳтар аст. Зеро бештар гирифтани заҳр ба ҳаёти онҳо хатар дошта, умрашонро кӯтоҳ мекунад.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон солҳои пешин аз заҳри гурза доруе бо номи гурзатаксин истеҳсол карда мешуд. Ин дору хусусияти зидди хунравӣ дошта, ҳангоми ҷарроҳӣ ё садамаҳо вақте одам хуни зиёдро талаф медод, истифода мешуд.  Як муддат ин дору дар Тоҷикистон коркард ва истифода шуд, вале солҳои охир он қадар истифода бурда намешавад. Аз заҳри мори кӯбро марҳамҳои зиёд истеҳсол кардан мумкин аст. Масалан, яке аз марҳамҳои машҳуртарини дунё- ин наятокс аст, ки аз заҳри мори кобра тайёр шуда, барои бемориҳои радикулит, буғумдард ва ревматизм воситаи хеле хуби шифобахш ва таскинбахш мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, то кунун аз Тоҷикистон заҳри морро ба давлатҳои  Германия, Япония ва Чин содир кардаанд. Қимати як грамм заҳри ин морҳо дар бозори ҷаҳонӣ 1000 евроро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи саломатии аҳолӣ,  коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозии   мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир  намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки «нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст».

Кормандони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи дорусозӣ дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки илмро бо истеҳсолот пайванд намоянд. «Мақсадамон он аст, ки бо ба даст овардани заҳри мор аз кӯброи осиёимиёнагӣ ва мори гурза корхонаҳои дорусозии ҷумҳуриро бо ашёи хом таъмин намуда, хусусиятҳои экологии морҳои заҳрнок, аз ҷумла таркиби ғизо, паразитҳо, фарқияти популятсионӣ вобаста ба паҳншавии онҳо дар табиат, таъсири омилҳои гуногун ба таркиби заҳр дар шароити табиӣ ва сунъиро омӯзем. Инчунин парваришу афзоиш додани кӯброи осиёимиёнагӣ ва гурзаро дар шароити сунъӣ бо мақсади барқарор кардани саршумори онҳо дар табиат ба роҳ монем»,-хулоса кард А. Саидов.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

                              ДАР АКСҲО: кормандони институт ҳангоми гирифтани заҳри мор

Июль 9, 2019 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид