Дар ноҳияи Тоҷикобод дар мавриди масоили забон ва номгузорӣ мулоқот доир гардид

Июль 22, 2019 14:41

ТОҶИКОБОД, 22.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо намояндагони маҷлиси вакилони халқ, фаъолон ва зиёиёни ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти судманде доир намуд, ки фарогири масоили ҳалталаби забони давлатӣ, меъёрҳои он ва татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода таъкид дошт, ки дар ноҳияи Тоҷикобод сокинони муқимии ҷумҳурӣ-тоҷикон сукунат дошта, дар муколама, коргузорӣ ва расмиёт танҳо аз забони давлатӣ-тоҷикӣ кор гирифта мешавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки танҳо бо муколама ва коргузорӣ талаботи қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида татбиқи амалии худро намеёбанд. Зарур аст осори пурғановати гузаштагонамон ба насли наврас омӯхта шавад, дар муошират забони адабии фасеҳи тоҷикӣ риоя шавад, аз қоидаҳои имло ва сарфу наҳви забон ҳар як соҳибзабон бохабар ва огоҳ бошад.

Гавҳар Шарофзода фаъолтар кардани кори комиссияи кор бо забон ва истилоҳоти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, зеркомиссияҳои он, масъулият доштани роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва зиёиёнро дар самти иҷрои қонуни забон муҳим арзёбӣ намуд.

Зимни мулоқот масоили номгузорӣ ва номивазкунии деҳаву маҳаллаҳо, лавҳаву овезаҳо мавриди таҳлили амиқ қарор ёфта, бобати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар ин самт таклифҳои судбахш баён гардиданд. Иштирокдорони мулоқот ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш гирифта, ваъда доданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бузургтарин  вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд мерос гузоштани забони шевою шоиронаи тоҷикӣ мебошад.

 

Июль 22, 2019 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст