Дар ноҳияи Тоҷикобод доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқоти судманд баргузор гардид
ТОҶИКОБОД, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо кормандони соҳаҳои гуногуни буҷетӣ ва ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқот доир намуданд.
Нозири калони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Ҳокимҷон Шоҳиён гуфт, ки мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳияҳои минтақа фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар дар ҳамбастагию ҳамкории судманди ҷомеа бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии коррупсия мусоидат менамояд.
Кормандони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз рӯи нақшаи таҳиянамудаашон мунтазам дар ноҳияҳои минтақаи Рашту Файзобод ва шаҳри Роғун бо кормандони сохторҳои гуногун вохӯриҳо баргузор менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






