Дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд

Июль 8, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 08.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои  Вазорати мудофиаи  мамлакат  5-6 июл дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид. Дар ин бора ба  АМИТ  «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод.

Тибқи иттилои сарчашма, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанзода   доир ба самтҳои афзалиятноки  ҳамкорию  ҳамоҳангсозии  мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, баргузории ҷамъомади таълимӣ-методӣ ва  дигар масъалаҳои амниятиро, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг муайян ва танзим мешаванд, бисёр муҳиму  саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо роҷеъ ба  сиёсати дифоии ҷумҳурӣ, вазъи сиёсии минтақа  ва ҷаҳон,  таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир,  авҷ гирифтани амалҳои  тундгароиро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ кард. Вазир изҳор дошт, ки «дар радифи тамоми хизматчиёни ҳарбии сатҳи зинаҳои гуногуни сохторҳои қудративу ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва шаҳрвандони эҳтиётии дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор дошта, бояд ҳар як сокини ватандӯсти сарзамин дар партави гуфтаҳои Сарвари давлат дар самти аз даст надодани зиракии сиёсӣ амал намоянд».

Дар рӯзи дуюми ҷамъомади методӣ- таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки  дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод идома ёфт, барои назорати ҷараёни баргузории ҷамъомади мазкур котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарон ва намояндагони тамоми сохторҳои низомии мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, масъулини вазорату кумитаҳо ва шахсони расмӣ ба машқгоҳи ҳарбӣ омаданд.

Аз рӯи мавзӯъ ва матлаби баргузории ҷамъомади мазкур дар шароити дашту саҳро ва маҳаллаҳои аҳолинишин бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ парвозҳои намунавии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ манзур гардонида шуд. Қисмати амалии ин ҷамъомад бо тирпарронии ҷангии ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии сохторҳои қудратию  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар иштирокчиёни он бо намунаи тамоми силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аз тарафи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд,  маҳсуб меёфт.Дар нуктаҳои таълимии ин тамрингоҳи низомӣ ҳайати иштирокчиён бо истифода аз силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ тирпарронӣ карданд.

Ҳадафи баргузории ҷамъомади методӣ-таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани   иқтидори мудофиавии давлат буда, он ба сайқал додани ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат, баланд бардоштани омодагии равонӣ ва сафарбарии кӯшунҳо ҳангоми доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ равона мебошад.

Инчунин дар қисмати назариявии ҷамъомади методӣ-таълимӣ Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ маърӯза намуд.

Зимни ҷамъбаст котиби Шӯрои амнияти мамлакат доир ба таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии ҷумҳурӣ, таҳкими сулҳу субот, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ, сайқали маҳорати омодабошии доимии ҷангӣ, баланд бардоштани қудрати мудофиавии мамлакат сухан намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод.

Дар анҷом ба бархе аз иштирокчиёни ҷамъомади методӣ- таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

 

Июль 8, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд