Дар Тоҷикистон Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Дар кори Анҷуман роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷ, аъзои он ва дигар масъулини соҳа иштирок менамоянд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳоло шумораи аъзои маҳфил ба беш аз 30 ҳазор нафар расида, бо мақсади натиҷагирии фаъолияти кори он ҳамасола дар ҷумҳурӣ анҷумани маҳфил баргузор мегардад. Имсол дар кори анҷуман намояндагони 16 давлати дунё иштирок намуда, фаъолияти солонаи маҳфилро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон дар доираи баргузории он ташкили як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла конфронс, мизи мудаввар, тренинг ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва баррасии мушкилоти онҳо таъсис ёфтааст. То имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 давлат фаъолияти худро ба роҳ монда, он дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут мусоидат менамояд.
Анҷумани V маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» 12 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат то 15 август идома меёбад. Дар доираи баргузории он иштирокчиён метавонанд аз ноҳияи Айнӣ, шаҳри Панҷакент, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд дидан намоянд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






