Давлатҳои Осиёи Марказӣ раводиди ягонаи сайёҳии «SILK ROAD VISA» ҷорӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.07. 2019/АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Осиёи Марказӣ раводиди ягонаи сайёҳии Осиёи Марказӣ — «SILK ROAD VISA» -ро аз рӯи принсипи Шартномаи Шенген барои сайёҳони хориҷӣ ҷорӣ хоҳанд кард.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки 9-10 июл дар шаҳри бостонӣ ва сайёҳии Самарқанд доир мегардад, матраҳ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода намояндагӣ мекунад.
Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азиза Иброҳимова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода гуфт, ки дар ҷаласа аъзои Шӯро натиҷаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2018-2020, татбиқи Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои давраи то соли 2020, лоиҳаи Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ барои солҳои 2021-2030 ва ташаббуси ташкили раводиди ягонаи Осиёи Марказӣ «SILK ROAD VISA» тибқи принсипи Шартномаи Шенгенро матраҳ менамоянд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони идораҳои сайёҳии давлатҳои ИДМ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳиро байни кишварҳои ИДМ баррасӣ намоянд.
Дар назар аст, ки дар доираи ҷаласаи мазкур нахустин ярмаркаи сайёҳӣ гузаронида шавад, ки Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз созмондиҳандагони ин ҷаласа маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ соли 1994 созмон дода шуда, самти фаъолияташ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди туризми байналмилалӣ равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ 10-11 август дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






