ДОВТАЛАБ-2019. Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) барои иштирок дар ИМД-2019 номнавис карда шуда буданд, даври иловагии қисми А–имтиҳони умумӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳон дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, низ дар ин давр иштирок мекунанд.
Шумораи умумии довталабоне, ки дар даври иловагӣ қисми А-ро месупоранд, 3503 нафарро ташкил медиҳад.
Даври иловагии имтиҳони қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) барои довталабони зикргардида имрӯз доир гардид.
Бояд гуфт, ки яке аз навгониҳои соли ҷорӣ дар доираи ИМД ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 25 июл ба нақша гирифта шудааст.
Довталабон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаи Маркази миллии тестӣ www.ntc.tj ба даст оранд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






