Форуми миллии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон беҳтарин корхонаҳоро муайян намуд

Июль 19, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ)  Форуми миллии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон  баргузор гардид. Форуми миллӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) созмон дода шуда, дар он намояндагони ширкатҳои хусусии соҳа, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ  ширкат намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Раиси Шӯрои ИРБаХТ  Файзалӣ Раҷабов гуфт, ки «дар замоне, ки кишварҳои ҳамсоя ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии худ аҳамияти зиёд медиҳанд ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд, то дар баробари таъмини бозори дохилияшон бо маҳсулоти нассоҷӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бароянд, мо низ бояд аз ин раванд ақиб намонда, сари масъалаи афзоиши коркарди ниҳоии пахи пахта то ба маҳсулоти тайёр фикр кунем. Танҳо дар сурати баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавоноиҳои ширкатҳои ватанӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ ва молиявӣ метавонем ба ҳадафи стратегии коркарди ниҳоии пахта то ба маҳсулоти тайёр дар дохили ҷумҳурӣ даст ёфта, бозори дохилиро аз даст надиҳем ва дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем».

Инчунин дар ҳамоиш намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба вазъи феълӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти коркарди ниҳоии нахи пахта, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ сухан карда, пажӯҳиш оид ба вазъи кунунии бозори либос дар кишвар, ки бо пуштибонии молиявии МТБ аз ҷониби профессор Азизулло Авезов ва ширкати маҳаллии консалтингии Business Consulting Group гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид. Иштирокдорони ҳамоиш бо фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, корхонаҳои соҳа,  Иттифоқи касабаи коркунони саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ шинос гардиданд. Дар ҳамоиш корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар соли 2019  муайян гардиданд, ки инҳо корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта «Ҷавонӣ», «Сатн» (Хуҷанд), корхонаи беҳтарини ресандагии «Файзи Истиқлол – 2011»- (Ҳисор), корхонаи кешбофӣ (ҷӯроббофӣ): «Ваҳдат» (Ёвон), корхонаи дӯзандагии «Лидер» (Хуҷанд), «Гулистони Душанбе» (Душанбе) мебошанд. Инчунин  соҳибмулк, директори генералии ҶДММ «Ваҳдат» (Ёвон) Илҳом Мирзоев беҳтарин соҳибкори ҷавони соҳа гардид.

Собиқадорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии фаъоли аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ барои нақш ва заҳматҳояшон дар рушди саноати мамлакат қадрдонӣ шуданд.

Июль 19, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд