ФУТБОЛ: дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Чемпионати CAFA-2019 баргузор мешавад

Июль 22, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 июл то 1 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон   баргузор мешавад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019  мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.

Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад. Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби  Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)

1-ум давр
26 июл (ҷумъа)
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Эрон
Афғонистон – Туркманистон

2-юм давр
27 июл (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Афғонистон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Эрон

3-юм давр
29 июл (душанбе)
Туркманистон – Ӯзбекистон
Эрон – Афғонистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

4-ум давр
30 июл (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Афғонистон – Ӯзбекистон

5-ум давр
1 август (панҷшанбе)
Туркманистон – Эрон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Июль 22, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд