ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи CAFA 2019-ро бо мусовӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 27.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1-уми Чемпионати CAFA бо дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввал ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷтикистон бошад, дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.
Хотиррасон менамоем, ки бозиҳои дигари ҳамин гурӯҳ низ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд. Тими мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби Турканистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бошад, дидорашонро бо тими мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ояндаи худро дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имрӯз 27 июли соли равон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон доир мекунад, дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бошад, бо тими мунтахаби Эрон дидор анҷом медиҳад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд






