ФУТБОЛ: рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали «Hero Interсontinental Cup 2019» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Сурия дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Баъд аз анҷоми ин рақобат ҳарифи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии байниминтақавии қаҳрамонҳо-2019 маълум гардид. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Боз ҳам шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Вохӯрии дастаҳо 19 июл, соати 19:30 (бо вақти Душанбе) сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки 15 июли соли равон дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.
Аммо ин нокомӣ барои роҳ ёфтани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19 июли соли 2019 доир шавад, монеа нашуд. Дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) ғалаба карда, 6 имтиёз ба даст оварданд.
Бояд зикр кард, ки 7 июли соли равон дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Хотиррасон менамоем, ки дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Бояд гуфт, ки 10 июли соли 2019 бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи баланду хотирмон доир шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои бозингарони Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.
Финал
19 июл (ҷумъа)
Оғози бозӣ соати 19:30 бо вақти Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Кореяи Шимолӣ
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷурабоев, 81), Сиёвуш Асроров, Илҳомҷон Баротов (Шарафҷон Солеҳов, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 37, Алишер Баротов, 90+5), Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷурабоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 63), Комрон Турсунов (Отабек Каримов, 72).








Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид






