Хайриддин Усмон: «10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дар Донишгоҳи саньат ва илми Ланчоуи Чин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд»

Июль 23, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи шартномае, ки миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланчоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тавсиб расидааст, бояд аз оғози соли хониш- моҳи сентябри имсол 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат  дар Донишгоҳи саньат ва илми Ланчоуи Чин ва 10 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ дар Донишкадаи мо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Ии нуктаро имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Усмон ба хабарнигорон иброз намуда, гуфт, ки «пас аз хуб гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон дар соли  таҳсили 2018-2019 16 нафар довталаб ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дохил шуданд. Имсол низ шумораи довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд шуда, айни замон 23 нафар хоҳиши ба донишкада дохил шудан доранд».

Хайриддин Усмон дар мавриди ҳамкорӣ бо кишварҳои  хориҷӣ иброз дошт,  ки ҳоло донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкории  илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст.

«Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкада фаьолияти гуногунҷанбаи худро ба татбики сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, дар амалӣ гардонидани нишондодҳои «Барномаи тайёр  кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018- 2021» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд»,- гуфт Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки соли равон  донишкадаро 399 нафар хатм намуда, 26 нафар соҳиби дипломи сурх гардиданд.

Июль 23, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд