Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии «60th IMO 2019» аз фанни математика ба муваффақят ноил гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик аз 60-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «60th IMO 2019», ки дар Англия баргузор гардид, бо муваффақият баргаштанд. Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Бати Англия аз 14 то 22 июли соли равон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти олимпиада Наимҷон Хонҷонов сазовори ҷойи дуюм ва Ҷаҳонгир Уроқов сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин Шоҳрух Исоматов ва Ҷамшед Рустамов бо Сипосномаи кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур сарфароз гардонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар олимпиада 642 нафар хонанда аз 112 кишвари дунё иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки хонандагони мамлакат аз аввали соли 2019 дар 17 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил ва Англия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 204 медал, аз ҷумла 49 медали тилло, 57 медали нуқра ва 98 медали биринҷӣ гардиданд.









Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






