«ХОНУМЕ ДАР РЕГЗОР». Таҳти ин унвон романи нависандаи Япония Кобо Абэ бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр-граф» китоби наверо таҳти унвони «Хонуме дар регзор» ба нашр расонид. Китоби мазкур романи нависандаи Япония Кобо Абэ буда, онро рӯзноманигор Абдуғаффор Қурбонов аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ин китоб дар бораи ҳодисаҳои бедарак ё гумшавии одамон, ки аксаран ба фоҷеа табдил меёбанд, дилсардӣ, дунёбезории онҳо, ҳаёти сангину қашшоқонаи аҳли деҳот, ки аз назари мақомот берун мондааст, кӯшишу талошҳои такрор ба такрори қаҳрамонони асар ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳо барои халосӣ ёфтан аз асирию ғуломӣ, азобу уқубати тоқатнопазири онҳо дар муҳит ва шароите, ки умр ба сар мебаранду хеле даҳшатноку боварнокарданист, нақл мекунад.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуғаффор Қурбонов зикр намуд, романи «Хонуме дар регзор» нақлест аз забони қаҳрамони асар- муаллими мактаби миёнаи шаҳр. Ӯ дар давраи рухсатиаш ба деҳае мераваду ба доми сокинони он афтида, азобу уқубати зиёд мекашад ва хонандаро бо худ ба ин олами пурасрору дарднок мебарад.
«Рости гап, агар зимни иншои ин сатрҳо исрор намояму гӯям, ки аз ҳад зиёд дӯстдор ва муштоқи адабиёти бадеии Япония ҳастам, андаке ба муболиға роҳ хоҳам дод ва ин таърифу тавсифе беш нахоҳад буд. Зеро баъди тарҷума ва нашри яке аз романҳои нависандаи машҳури ин кишвар – Рю Мураками «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» ният доштам, ки ба асарҳои адибони дигар мамлакатҳои олам рӯ оварам.
Вале дар яке аз рӯзҳои баҳори соли равон дӯст ва шарикдарси худ профессор, доктори илми филология Шамсиддин Солеҳовро вохӯрдам ва зимни мулоқот ӯ аз ман хоҳиш кард, аниқтараш бароям тавсия дод, ки романи нависандаи барҷастаи Япония Кобо Абэ «Хонуме дар регзор»-ро тарҷума ва ба ҳаводорони осори бадеӣ пешкаш намоям»,- иброз дошт дар суҳбат А.Қурбонов.
Ба андешаи номбурда, романи «Хонуме дар регзор» яке аз асарҳои беҳтарини на танҳо ин нависанда, балки адабиёти нимаи дуюми асри гузаштаи Япония ба шумор меравад. Ин романи Кобо Абэ соли 1960 ба нашр расида, сазовори мукофоти рӯзномаи «Иомиури» гардид.
Бояд гуфт, ки Кобо Абэ ҳамчун коргардон ва драматурги номдор низ машҳур аст.








Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо






