«ҶИЛВАИ РАНГҲО». Занону духтарони мо бояд дар либоспӯшӣ ба фарҳанги миллиамон арҷ гузоранд

Июль 9, 2019 17:53

ДУШАНБЕ, 09.07. 2019. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июл  тибқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: Либосҳои миллӣ ва муосир»  баргузор мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт   ба занону духтарони ин ноҳия барои  арҷ гузоштанашон  ба  фарҳанги либоспӯшии тоҷикон  изҳори сипос намуда,  зикр  намуданд,  ки «бубинед,  чӣ қадар либосҳои тоҷикӣ ба занону духтарони мо мезебанд». Сарвари давлат  дар ин замина  таъкид намуданд, ки «занону духтарони мо бояд аз урфу одатҳои бегона худдорӣ намуда,  аз ҷумла дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ғайр  пайравӣ накунанд».

Воқеан ҳам,  таассуфовар аст, ки солҳои охир  бархе аз  занону духтарони тоҷик ба либоспӯшии  хонумони  турку араб тақлид намуда,  мисли онҳо либос ба  бар мекунанд. Ин ба миллати мо хос набуда, тамоман бегона аст. Иддаи  дигар либосҳои нимурён ва танги аврупоӣ  мепӯшанд, ки  он  ба зану духтари  тоҷик намезебад.

Набояд фаромӯш кард, ки либоси миллӣ шиносномаи миллат буда, онро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

«Барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешаванд»,- чунин омадааст дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки  соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон   нашр  ва  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид.

Дастурамали мазкур   бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ  таҳия гардида, Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо  кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳо дар амалӣ шудани он  мусоидат менамоянд.

Мавриди  зикр аст, ки  Пешвои  миллат дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоати  мамлакат  ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

«Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як соҳибватан шараф бошад. Инчунин донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар як шаҳрванди  мамлакат  бояд  ба  маданияти   либоспӯшӣ  диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур  доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ, атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо ва чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд», — чунин омадааст дар муқаддимаи  Дастурамали мазкур.

Тавре   Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ  Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт: «Ин дастурамали тавсиявӣ, ки бо қарори  мушовараи Вазорат  тасдиқ  гардида, ба нашр расидааст,  ба тамоми муассисаву идораҳо, корхонаву коргоҳ, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ барои истифода пешниҳод гардидааст. Рияои ин дастурамал аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеаро баланд бардошта, ҷиҳати амалӣ шудани либоспӯшии миллӣ мусоидат менамояд».

«Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми ҳунармандони мо рӯи саҳна чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ санъати воло ва либоси зебои  миллии тоҷиконаро муаррифӣ кунанд. Вазорати фарҳанг бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба аҳли ҷомеа мерасонад, ки аз фарҳанги либоспӯшии бегона худдорӣ намоянд ва ба анъанаву урфу одатҳои бегона пайравӣ накунанд»,- афзуд Ш.Орумбекзода.

Вазир таъкид намуд, ки «Вазорати фарҳанг  аз мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷомеаи шаҳрвандӣ,  роҳбарони бахши фарҳанг дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатӣ  хоҳиш менамояд, ки дар тарғиби дастурамал ва замимаҳои он, ки бо аксҳо нишон дода шудааст,  мусоидат намуда, дар тарғиби яке аз рукнҳои миллӣ саҳми шоиста гузоранд».

Дастурамали мазкур   аз  11 бахш ва 6 фасл иборат буда,  дар он  аксҳои  либосҳои миллӣ  вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхташуда дарҷ гардида, онҳо  ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ  гурӯҳбандӣ шудаанд.   Дар  ин либосҳои миллӣ суннатҳои мардумӣ риоя шуда, тарроҳон ба тарзи дӯхт ва шакли онҳо тибқи замони муосир иловаҳо ҳамроҳ кардаанд, ки сифати онро боз ҳам беҳтар гардонидааст. Либосҳо ба навҳо тақсим шуда, ба либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ (униформа), театрӣ, ҳаррӯза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ ҷудо мешаванд.

Бояд зикр кард, ки дар дастурамал танҳо либосҳои духтарону занон пешниҳод шуда,  минбаъд либосҳои мардона низ дар шакли дастури алоҳида манзур мегарданд.

«Дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, вобаста ба шароити кор, либосҳои махсус (униформа)  тавсия шудааст.  Ба бар кардани либосҳои махсус ҳатмӣ буда,  барои ҳифзи либосҳо ва аз ҳар гуна ифлосӣ муҳофизат кардани либосҳои кормандон нигаронида шудааст.

Ҳар як корхонаву коргоҳ ва муассисаву  ташкилот намуди либосҳои махсуси худро доранд, ки ба бар намудани онҳо ба занону духтарон  мувофиқи мақсад мебошад. Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баъзе мақомоти дигар, ки либоси ягона доранд, пӯшидан ва риоя кардани он дар ҷойи кор ҳатмӣ мебошад», — чунин омадааст  дар бахши сеюми дастурамали мазкур.

Тавре ба мушоҳида мерасад, алҳол дар марказҳои савдою хизматрасонии   пойтахт – шаҳри Душанбе аллакай  дастурамали мазкур риоя мегардад. Ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ, савдогарон ва дигар намояндагони соҳаҳои мухталифи пойтахт   либосҳои махсус ба бар мекунанд. Ҳамчунин  омӯзгорону табибони шаҳри Душанбе тибқи тавсияҳои ин дастурамал амал намуда,  либоси кории худро интихоб намудаанд.

Бовар дорем, ки  ин иқдомро ҳар як  шаҳрванди бонангу ори мамлакат дастгирӣ намуда,  барои рушди  маданияти либоспӯшӣ, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки  дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади  ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ  роҳандозӣ гардидааст. Итминон дорем, ки он пеши роҳи  хурофоту бегонапарастиро мегирад ва  воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату  мамлакат мегардад.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи июли соли равон бо мақсади иҷрои банди 9  Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст,  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: Либосҳои миллӣ ва муосир»  баргузор мегардад. Дар он  либосҳои    кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон, занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2019 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад