Кӯпруки мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе навсозӣ мешавад

Июль 11, 2019 18:16

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пиёдароҳ ва  кӯпруки  мошингарди  хиёбони Исмоили Сомонӣ  то буриши хиёбони Синои  шаҳри Душанбе навсозӣ  гардида, ҳамчунин равшанидиҳии хиёбони мазкур ба таври  муосир  ба роҳ монда мешавад.   

 Лоиҳаи иншооти мазкур  дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 8 майи соли равон аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия  гардидааст. Лоиҳаи номбаршуда аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» татбиқ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори марбута  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба  корҳои сохтмонӣ  оғоз менамояд.  Дар асоси ин қарори Раиси шаҳр Ҷамъияти мазкур  баъди анҷоми  корҳои сохтмонӣ  иншоотро барои мавриди истифода қарор додан ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод менамояд.

Дар қарори номбаршуда омадааст, ки  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ  ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»  дар раванди корҳои сохтмонӣ бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба хатҳои муҳандисии мавҷуда мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки  аввали  моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он  як кӯпрук дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд  мегарданд.

4 июли соли равон  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд.

Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд  мегардад.

«Ҳамчунин дар роҳи номбаршуда чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида,  хати сабзазор бунёд мегардад. Дар ҳар ду канори роҳ дарахту буттаҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд. Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаро  ҷиҳати   сари вақт, бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом додани корҳои сохтмони роҳи мазкур ҷалб намуд»,-афзуд манбаъ.

 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2019 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд