Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боз 3 нафарро наҷот доданд

Июль 22, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 2 нафар сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 1 нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳиро наҷот доданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон дар ҷойи барои оббозӣ муқаррарнагардида ба шиноварӣ машғул шуда, ба гирдоб ғалтидаанд.

«Кормандони Кумита, ки ҳамарӯза дар атрофи дарё назорат мебаранд, даррав онҳоро наҷот доданд. Шаҳрвандон аз рафтан ба беморхона даст кашиданд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои бехатарии оббозиро риоя намуда, дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ва барои шиноварӣ пешбининагардида ба оббозӣ машғул нашаванд.

«Дар ҳама ҳолат ҳангоми оббозӣ ба кӯдакони худ аҳамият дода, онҳоро беназорат нагузоред», — ҳушдор додааст Кумита.

Июль 22, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд