Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир мекунад
ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) иштирок карда натавонистаанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзҳои 18-19 июл гузаронида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, тибқи тартиби муқарраргардида, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.
Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд.
Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18 июл, қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) рӯзи 19 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 8 то 15 июл муқаррар гардидааст. Инчунин онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро надоранд.
Маълумоти пурра ва варақаи аризаро довталаб аз Маркази миллии тестӣ, бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас карда метавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






