МЕҲМОНХОНАИ «ДИПЛОМАТ». То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Душанбе 9 меҳмонхонаи нави замонавӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост, ки дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.
Меҳмонхонаи «Дипломат» дар маҷмӯъ аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 40 ҳуҷраи стандарт, 19 люкс, 20 нимлюкс ва як ҳуҷраи президентӣ иборат мебошад.
«Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Себистон-2018» мехмонхонаи замонавии «Grand RudakITower»-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни миллӣ бунёд хоҳанд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.
«Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз утоқҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зеризаминӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом, толори синамо, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳаз мебошанд»,- афзуд манбаъ.
Хотиррасон мешавем, ки 11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи 9 меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, аз ҳозир тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гӯшаҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.
Дар ин зимн, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «мо метавонем бори дигар фарҳанги баланди тамаддунофарии миллатамон, неъматҳои моддӣ ва маънавии сарзамини аҷдодиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»















Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






