Носир Раҳмон, директори МД «Тоҷикфилм»: «Дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Россия, Германия, Франсия ва Туркия баргузор мегарданд»
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Россия, Германия, Франсия ва Туркия баргузор мегарданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон ба хабарнигорон изҳор намуд.
Н.Раҳмон зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Россия, Германия, Франсия ва Туркия оид ба баргузор намудани рӯзҳои кинои ин мамлакатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд ва моҳҳои наздик барномаҳои мазкур баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти байналмилалии муассиса самаранок буда, дар ин давра, хушбахтона, меморандуми ҳамкорӣ бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» ва моҳи июни соли равон созишномаи ҳамкорӣ бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Дар доираи тадбиқи ин созишномаҳо ҳамкориву равобити манфиатноки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии мардумии Чин таҳкиму густариш меёбанд.
Зикр гардид, ки бозомӯзии такмили ихтисос барои кормандони муассиса дар ҳамкориву равобит бо киноконсерни «Мосфилм» дар арафаи татбиқ қарор дошта, муколамаву суҳбатҳо дар ин маврид идома доранд.
Инчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки дар доираи тадбиқи «Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» заминаи моддиву техникии муассиса боз ҳам такмил ёфта, таҷҳизоту воситаҳои муосири наворбардорию филмофарӣ таъмин гардиданд.
«Дар доираи барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири кинотеатрҳо маблағгузорӣ карда истодааст. Ҳамчунин мо бо соҳибкорон ҳамкорӣ дорем ва бо дастгирии онҳо айни ҳол кинотеатри ноҳияи Восеъро таъмир карда истодаем»,- иброз дошт Носир Раҳмон.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






