Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон: «Дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери терористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуд»
ДУШАНБЕ, 16.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат изҳор намуд.
Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, ин ҷиноятҳо аз ҷониби аъзои ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии ҲНИ), «ДОИШ», «Салафия», «Гурӯҳи-24» ва дигар созмонҳои экстремистӣ содир шудаанд.
Бино ба маълумоти Юсуф Раҳмон, дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 12549 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3393 санҷиш гузаронида шуд. Бо дахолати прокуророн 353 млн. сомонӣ, аз он 158,1 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Дар соҳаи нақлиёту гумрук низ санҷишҳои прокурорӣ камбудиву қонуншиканиҳоро ошкор намуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо 908 санади эътиноӣ татбиқ ва 1776 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд. 103 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 16 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






