ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Барои табобати диабети қанд чӣ гуна ғизо бояд истеъмол кард?

Июль 10, 2019 16:47

ДУШАНБЕ, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар яки мо дар бораи бемории диабети қанд борҳо шунидаем. Ҳатто нафароне ҳастанд, ки ягон нафари наздикашон ба ин беморӣ гирифтор аст.  Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ солҳои охир ҷавон шуда, миёни ҷавонон низ ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш қарор дорад.

Сабаби гирифторӣ ба ин бемориро аксар мутахассисон дар вайроншавии тартиби  ғизогирӣ,  фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд.  Аз ин рӯ чунин нафаронро мебояд, ки ба ғизои худ аҳамияти зарурӣ диҳанд.

          Вобаста ба   ин мавзӯъ ба бахши «Пурсед, ҷавоб медиҳем»-и АМИТ «Ховар» аз номи сокини шаҳри Душанбе Инобат ШАРИФОВА  нома расидааст. Муаллиф зимни номаи худ чунин пурсон шудааст:

Барои табобати диабети қанд чӣ гуна ғизо бояд истеъмол кард?

Ба ин савол директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» Ҳотамбег ХАЙРОВ   посух медиҳад. 

  —  Мутобиқи таснифоти илми тибби муосир бемории қандро ба ду навъ ҷудо мекунанд: диабети қанди аз инсулин вобаста (навъи 1) ва аз инсулин новобаста (навъи 2).

Навъи дуюми диабет дар навбати худ ба ду гурўҳ тақсим мешавад: диабети қанд бо вазни муътадили бадан ва диабети қанд бо вазни барзиёди бадан (фарбеҳӣ). Дар аксар беморони гирифтори диабети қанд маҳз ҳамин ду навъи беморӣ, бештар дар 70 фоизи ҳолат ба қайд гирифта мешаванд. Дигар навъҳои диабети қанд ва ҳолату аломатҳои гуногун кам вомехӯранд.

Хатари инкишофи бемории диабети қанд ҳангоми мавҷудияти бемории ишемияи дил ва вайроншавии ҳосилшавии чарбҳо 2 маротиба, мавриди фарбеҳӣ – 6 ва диабети қанди ирсӣ миқдори қанд дар хун 15 маротиба меафзояд. Якҷояшавии 4 омили хавфовар имконпазирии инкишофи диабети қандро 20 маротиба зиёд мекунанд.

Ҳангоми диабети қанди навъи 2 таъйини ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ яке аз роҳҳои муолиҷаи самараноки он мебошад. Дар ҳолати бемории диабети қанди навъи 1 ғизои табобатӣ ҳамчун омили иловагии табобат дар баробари таъйини дорувориҳо нақш мебозад.

Беморони гирифтори диабети қанд бояд дар як шабонарўз 5-6 маротиба (тахминан пас аз ҳар 3 соат) бо миқдорҳои кам ғизо истеъмол намоянд. Ин барои пешгирӣ кардани сарбории зиёд ба ҳуҷайраҳои β-и бофтаҳои ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда ҳангоми истеъмоли ҳар як ғизо ва барои таъмини азхудкунии нисбатан баробари он зарур мебошад. Тақсимоти дурусти истеъмоли ғизо аз рўйи арзиши неру чунин аст: наҳории якум – 20 фоиз, наҳории дуюм – 10 фоиз, хўроки нисфирўзӣ – 30 фоиз, хўроки пешин – 10 фоиз, хўроки бегоҳирўзӣ – 10 фоиз ва  пеш аз хоб – 10 фоиз.

Парҳези умумӣ барои тамоми беморони гирифтори диабети қанд вуҷуд надорад. Ғизои табобатӣ барои ин беморӣ вобаста ба навъи диабети қанд, вазнинии ҷараён ва мавҷудияти оризаҳо таъйин мегардад.

Ҳангоми ташкили ғизои пешгирикунандаю табобатӣ барои беморони гирифтори диабети қанд дар навбати аввал тобоварӣ (толерантнокӣ) ба карбогидратҳо муайян карда мешавад. Яъне миқдори карбогидратҳое, ки ҷисм онҳоро аз худ мекунад (бе пайдо шудани қанд дар пешоб), муайян карда мешавад. Барои ин ғизои табобатии санҷиширо истифода мебаранд. Дар асоси таҷрибаи Клиникаи ғизои табобатии Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ғизои Академияи илмҳои тибби Федератсияи Россия» ғизои пешгирикунандаю табобатии санҷишӣ, ки аз 300 г карбогидрат (бештар полисахаридҳо), 100 г сафеда ва 70-80 г чарб (2300 ккал) бо миқдори кофии витаминҳо ташкил ёфтааст, фармоиш мешавад. Ғизоро дар давраи муайянкунии тобоварӣ ба карбогидратҳо таъйин мекунанд. Барои баъзе беморон ин ғизои табобатӣ метавонад доимӣ бошад, зеро он ба сарфи неруи ҷисм ҷавобгўй аст. Агар пас аз таъйини ғизои табобатии санҷишӣ ҳолати бемор хуб нагардад (миқдори қанди хун паст нашавад), зарурати таъйин намудани маводи дорувории қандпасткунанда ба миён меояд.

Коркарди кулинарии маҳсулоти хўрокворӣ ва таомҳо чунин аст, ки  ҳамаи таомҳо дар шакли обпаз ва буғпаз тайёр мегарданд.

Ғизои табобатӣ дорои  100 г сафеда, чарб 70-80 г, карбогидрат 300 г, арзиши неруи ғизо 2500 ккал, миқдори намаки ошӣ 8 г, вазни умумии вояи ғизо то 3 кг, моеи озод то 1,5-2 л, ҳарорати таомҳо муқаррарӣ мебошад. Миқдори истеъмоли ғизо 5-6 маротиба дар як рўз фармоиш мешавад.

Ба вояи ғизо маҳсулоти хўроквории гуногун дохил мекунанд.  Қанд, мураббо, маҳсулоти қаннодӣ ва дигар ғизоҳое, ки дар таркибашон қанди зиёд доранд, аз вояи ғизо истисно мегарданд.

Вобаста ба он, ки таркиби асал то 39,1 фоиз фруктоза дорад ва он ба беморони гирифтори диабети қанд муфид аст, ба вояи ғизо ба миқдори кам – 1 қошуқӣ се маротиба/рўз тавсия мешавад.

Қандро бо ксилит ё сорбит (ивазкунандаи қанд) иваз мекунанд. Миқдори асал, ксилит ё сорбитро мавриди баҳодиҳии арзиши неруи вояи ғизо ба назар гирифтан лозим аст.

Ғизои пешгирикунанда ва табобатӣ бояд аз миқдори зиёди витаминҳои гурўҳи В, кислотаи аскорбинӣ ғанӣ бошад. Аз ин рў, ба вояи ғизо маҳсулоти дорои миқдори зиёди сабӯс, замбурӯғ ворид карда мешавад. Барои беҳтар кардани кори ҷигар ба вояи ғизо творог ва ярмаи ҷав ворид менамоянд.

Баҳри беҳтар кардани нишондиҳандаҳои мубодилаи липидӣ ва системаи гемостаз (асосан, фаъолнокии зиддилахташавӣ) ба ғизои табобатӣ зиёд кардани миқдори чарбҳои табиӣ зарур мебошад.

Миқдори сафеда дар вояи ғизои беморони гирифтори диабети қанд бояд ба меъёри физиологӣ мувофиқат намояд ва зиёд намудани он вобаста ба хусусиятҳои ҷараёни беморӣ, синну сол ва касби бемор муайян мегардад.

Ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳо тавсия мешаванд:

– нони сиёҳ ва сафед дар як рўз 200-300 г;

– шўрбоҳои обпаз аз сабзавот. Шўрбоҳои сабук аз гўшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;

– гўшти гов, гўсола, мурғ, хурўси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё яхнӣ;

– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;

– таом ва хўришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хўриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 г). Дар як шабонарўз 900-1000 г сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;

– таом ва хўришҳо аз маҳсулоти лўбиёгӣ, ярма, макарон маҳдуд карда мешаванд;

– тухми нимпаз 1-2 дона/рўз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;

– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимў ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғ.) то 200 г/рўз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;

– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё дар самбўсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;

– хамира (ғайр аз намуди тунд) аз сабзавот ва шир;

– хўришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;

– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;

– равғани маска ва растанӣ дар як рўз 40 г (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).

Номгўйи маҳсулоти ғизоӣ метавонад тағйир ёбад, вале миқдори карбогидратҳои таркиби он бояд ба назар гирифта шаванд. Барои иваз намудани маҳсулоти ғизоӣ баҳри таъмини миқдори дурусти карбогидратҳо маҳсулоти нонӣ истифода мешавад.

Маҳсулоти нонӣ (20 г хлеби сафед дорои 12 г карбогидрат) аз рўйи миқдори карбогидратҳо баробарарзиш ба 25 г хлеби сиёҳ, 15 г шӯлаҳои марҷумакӣ, ҷавӣ, ярмаи биринҷӣ, 60-70 г картошка, 150-220 г афлесун ё мандарин, 15 г тути заминӣ, 150-170 г сабзӣ, 375 г помидор баробар аст.

Дар таъйини ғизои табобатии диабети қанд ба шахсони фарбеҳ моҳияти муолиҷаи фарбеҳиро ба назар мегиранд.

ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj

Пурсед, ҳатман ҷавоб медиҳем!

 

Июль 10, 2019 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Кадом ташкилотҳо дар Тоҷикистон расман террористию экстремистӣ эълон карда шудаанд?
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Хонандагон донистан мехоҳанд, ки дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кӣ ба кадом вазифа таъйин шуд
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Даври нимниҳоии «Евровидение-2021»-ро бо иштироки Манижа дар куҷо ва кай метавон тамошо кард?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Минбаъд насаб, ном ва номи падар бо кадом тарз дигар карда мешавад, бақайдгирии давлатии он чи тавр сурат мегирад ва умуман ин кор чӣ аҳамият дорад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол надодани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Маблағгузории сарикасӣ: ҳадафи ҷорӣ намудани механизми мазкур дар чист?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъмории шаҳри Душанбе кадомҳоянд?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Re-Export чист ва зери мафҳуми «реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шудан ба донишгоҳҳо чӣ афзалият медиҳад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҷаҳон чанд мамлакат мавҷуд аст?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ба куҷо бояд муроҷиат кард?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Боз дар бораи симкортҳо, корти идентификатсионӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шабакаҳои алоқаи барқӣ ва муштариёни онҳо