Рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Загреб маълум гардиданд

Июль 26, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июли соли равон  дар Ҷумҳурии Хорватия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Zagreb Grand Prix 2019» оғоз ёфта, то 28 июл идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур   давоми се рӯз 558 нафар варзишгарон (332 мард, 226 зан) аз 87 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқаи мазкур 6 паҳлавони шинохта – Хайёмиддин Ҷабборов (66кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) сафарбар гардиданд.

Бояд зикр кард, ки   дар рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон доир мегарданд ва Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал бо варзишгари Гвинея-Биссау Диого Кесар гӯштин мегирад. 27 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд.

Дар даври аввали вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари Япония Арата Татсукава, Беҳрӯз Хоҷазода бо намояндаи Австрия Лукас Рейта ва дар вазни -81кг Акмал Муродов бо Алфонсо Солана аз Испания қувва месанҷанд. Дар рӯзи сеюм беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд. Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод аст, ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Санширо Мурао (Япония) Қуедҷай Нҳабалӣ (Украина) хоҳад буд. Темур Раҳимов низ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, ки ҳарифаш Ҷур Спийкас аз Нидерланд аст.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибони ҷои аввали ҳамаи вазнҳо дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барандагони ҷои дуюм бо 2000 доллар ва ду ҷои сеюм бо 1000-долларӣ қадрдонӣ мешаванд.

Июль 26, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад