Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: «Воридоти гӯшти мурғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуд»
ДУШАНБЕ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 воридоти гӯшти мурғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, дар 6 моҳ 15 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бино ба зикри номбурда, сабаби кам ворид шудани гӯшти мурғ шаҳодати он аст, ки дар ҷумҳурӣ фабрикаҳои мурғпарварӣ зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашон босифат ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошад. Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ «Беҳамто»-и Ёвон мебошад, ки то имрӯз зиёда аз ҳазор тонна маҳсулоти гӯшти мурғ истеҳсол карда, ба бозори мамлакат баровардааст. Корхонаи «Арча»-и Муъминобод низ имрӯз фаъол буда, беш аз 300 тонна гӯшт истеҳсол намудааст.
Ҳамчунин Фарҳод Камолзода дар мавриди сифати гӯшти мурғи воридшаванда иброз дошт, ки ҳоло гӯшти мурғ бештар аз Амрико ворид мешавад. Нархаш низ нисбатан арзонтар аст. Шурӯъ аз моҳи майи соли равон воридоти ин навъ маҳсулот кам карда шуд ва шояд нархаш низ боло равад.
«Имсол нисбат ба соли гузашта гӯшти лаҳми мурғ зиёдтар шудааст, зеро ҳоло талабот ба он бештар аст. Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2018 сар карда, ҳар як килограмм гӯште, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз тарафи мутахассисон дар ташхисгоҳ санҷида мешавад. Дар сурати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй будан сипас ба он иҷозати воридот дода мешавад»,- гуфт Фарҳод Камолзода.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ба ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шуда, соли 2018 он ба 28 ҳазор тонна расонида шуд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






