Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳи Малайзия эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 июли 2019 дар Куала—Лумпур Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ эътимодномаи худро ба Шоҳи Малайзия супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз маросими супоридани эътимоднома Шоҳи Малайзия ба Сафири Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуд. Шоҳи Малайзия зикр намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои кофӣ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъйини Сафир ба ин раванд такон хоҳад бахшид.
Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






