Сардори Саридораи геология: «Захираҳои газу нафти Тоҷикистон дар чуқуриҳои аз 3 то 5 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгиранд»
ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар» /. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои газу нафт мавҷуд буда, онҳо дар чуқуриҳои аз 3 то 5 ҳазор метр дар қаъри замин ҷойгиранд. Айни замон корҳои омӯзиши геологӣ ва коркарди онҳо ҷараён доранд».
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар нишаст зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди геологӣ буда, ба ин захираҳо тилло, нуқра, сурб, металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо, нимқимматбаҳо ва худҷилову ороишӣ, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминӣ ва ғайра дохил мешаванд.
«Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи корҳои анҷомдода захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, тавозуни давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, хок, оҳаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардонида шуд», — илова намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Бояд зикр намуд, ки ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои маводи сӯзишворӣ ва энергетикӣ, ки ба онҳо нафту газ ва ангишт дохил мешаванд, хусусияти хоси омӯзиши геологӣ доранд.
Аз ин хотир, тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, фармоишгари корҳои дар барнома пешбинишуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми иҷроияи ин корҳо Саридораи геология ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошанд.
«Ҳамаи корҳое, ки дар самти гузаронидани санҷиш ва коркарди захираҳои геологӣ анҷом дода мешаванд, дар асоси қарордоди дуҷонибаи Саридораи геология ва тарафи дигар ба амал бароварда мешаванд. Соли равон ҷиҳати истифодаи қаъри замин ва бонуси кашфи тиҷоратӣ бо 22 ширкат қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 108 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — зикр намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.








Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад






