Шермуҳаммад Шоҳиён: «Беш аз даҳ ҳазор нафар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя накардаанд»
ДУШАНБЕ, 22.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон 375 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 375 нафар шахс баррасӣ шуд, ки дар натиҷа ба 368 нафар ба маблағи беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст. Ин нуктаро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон баён кард.
Шермуҳаммад Шоҳиён афзуд, ки дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ 84071 парванда ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659 адад зиёд аст. Аз ин шумора судҳо 74182 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд. Аз парвандаҳои баррасигардида дар марҳиллаи якум 6838 ададро парвандаҳои гражданӣ, 19382 парвандаҳои оилавӣ, 5355 парвандаҳои ҷиноятӣ, 28261 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 9747 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд.
Зикр шуд, ки дар ин давра шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба зиёда аз даҳ ҳазор расида, бо 9267 парванда нисбат ба 9267 нафар қарор қабул гардид. Нисбат ба 3628 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 5639 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи беш аз 939 ҳазор сомонӣ таъйин гардид.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






