Таэквондочиёни тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Chuncheon Korea Open» соҳиби се медал гардиданд

Июль 8, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2» дар Ҷумҳурии Корея сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора Раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки 4 июл оғоз гардида, 10 июли соли равон ба анҷом мерасад, варзишгарон аз 50 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 варзишгар- Муниса Ойматова (вазни 49кг), Насиба Давлатова (46кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (73кг), Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов (55кг), мураббиён Исломиддин Фозилов ва Чонг Чон Фи намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки 6-7 июли соли равон варзишгарони тоҷик муҳориба карда, ба дастовардҳо ноил гаштанд. Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ба гирифтани медали тиллои мусобиқа даст ёфт. Муниса Ойматова дар вазни 49кг сазовори медали нуқра ва Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 55кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамчунин сармураббии дастаи мунтахаби бонувон Чонг Ҷо Фи дар киёпа – шикастани тахтасанг бо панҷаи даст ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

Бояд зикр кард, ки Мусобиқаи байналмилалии «Chuncheon Korea Open G-2» дар мувофиқа бо таэквондои ҷаҳонӣ баргузор шуда, варзишгарон соҳиби холҳои рейтингӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев иброз дошт, ки шумораи медалҳои мусобиқоти байналмилалии таэквондочиёни Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 37 адад расид.

Июль 8, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид