ТАФРЕҲ ДАР «ЧАНГОБ». Истироҳатгоҳи мазкур кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба даври дуюм ва сеюм қабул менамояд
ҲИСОР, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби маблағгузории Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои даври дуюм ва сеюм қабул менамояд.
Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳонидин МАҲМУД.
Тибқи иттилои сарвари истироҳатгоҳи «Чангоб» Рустам Аҳмадов, дар даври аввал 56 нафар кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 36 нафар кӯдакону наврасони нимятим ва ятими кулл мебошанд.
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад. Дар ин истироҳатгоҳ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият мекунанд.
Инчунин аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ роҳхат гирифта, дар якҷоягӣ бо мураббияҳои ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Рустам Аҳмадов иброз намуд, ки кӯдакону наврасон дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Истироҳатгоҳи мазкур бо назардошти имкониятҳои мавҷуда метавонад дар як баст то 300 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд.
Вале соли равон аз сабаби ҳамкорӣ накардани Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар даври якум танҳо 56 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардиданд. Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» дар сурати ҳамкорӣ намудани Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ имконият дорад дар басти дуюм ва сеюм 300-нафарӣ кӯдакону наврасонро ба истироҳат фаро гирад.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 3380 нафар хонандаро ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ҷалб намуда, ба зиёда аз 50 нафар кӯдакони ятиму лаёқатманд ба лагерҳои беруназшаҳрӣ роҳхат додаанд.











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






