ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ФАРОМУШШУДАРО ЭҲЁ БОЯД КАРД! Дар Душанбе Фестивали «Таомҳои миллӣ» баргузор мегардад

Июль 2, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории фестивали «Таомҳои миллӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Даврҳои якум ва дуюми фестивал тибқи муқаррароти Низомномаи фестивали ҷумҳуриявии «Таомҳои миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади иҷрои банди 13 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, инчунин бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 роҳандозӣ мегардад.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадаф ва мақсади баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, орбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз ба мерос мондаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

ДАР АКС: Оши палов

ДАР АКС: Қурутоб

Июль 2, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд