Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд

Август 23, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20-23 август дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати ҷониби Россия баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия И.Моргулов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо самтҳои авлавиятноки раёсати кишвараш дар Созмон (2019-2020) шинос кард.

Дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон), ки моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст ва Нақшаи барномаҳои асосии СҲШ-ро барои соли 2020 баррасӣ намуданд.

Август 23, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд