Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби «С5+1» иштирок намуд

Август 22, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби «С5+1» (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин муовини  Котиби  давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Давид М. Хейл, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингис Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов иштирок намуданд.

Ҷонибҳо перомуни кӯшишҳо барои таҳкими шарокат, дастгирии таҳавуллоти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти амнияти минтақавӣ ва тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Иштирокчиёни нишаст пуштибонии худро аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қолаби «С5+1»  таъкид карда, онро ҳамчун форуми муҳим барои муҳокима ва ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ, таҳкими истиқолол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин раванди тадорукотии мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «С5+1» ва чорабиниҳои ҷориро дар қолаби мазкур дар чаҳорчӯби гурӯҳҳои кории масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ   матраҳ намуданд.

 

Август 22, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд