Ба садама дучор гардидани ҳавопаймои «Ан-2»
ДУШАНБЕ, 04.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 04-уми августи соли 2019, соати 10.40 ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи «Ан-2», рақами қайди РТ-15-305, соли бароришаш 1978 ҳангоми анҷом додани машқҳои нақшавӣ дар маркази таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба садама дучор гардид.
Зимни садама, сарнишини ҳавопаймо лейтенанти калон Давлатов Бахтиёр Ҳасанович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Хуросон бистарӣ карда шудааст.
Сарнишини дигари ҳавопаймо Раҳматов Илҳом Дуллоевич, соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар беморхонаи болозикр вафот кард.
Ҳавопаймо 8 нафар шаҳрвандони хоҳишмандро пас аз гузаштани машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Зимни нишаст тахминан дар масофаи 10 метр аз замин ҳавопаймо бо сабабҳои техникӣ дучори фуруди сахт гардида ба замин бархурд.
Вобаста ба сукути ҳавопаймо аз ҷониби раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тибқи қонун ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.
Хадамоти матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии
мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






