БОЗ ДАР БОРАИ «МАЧУ-ПИКЧУ»-И ТОҶИКИСТОН. АМИТ «Ховар» матни пурраи мақолаи нависанда, соҳибкор ва саёҳатдӯстдори британиягӣ Софи Ибботсонро пешниҳод мекунад

Август 22, 2019 11:36

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, яке аз маъруфтарин рӯзномаҳои Британия «The Telegraph» дар шумораи худ аз 16 августи соли 2019 мақолаи Софи Ибботсонро таҳти унвони «Шаҳри гумшуда пайдо шуд. Бостоншиносон «Мачу-Пикчу»-и Тоҷикистонро кашф карданд» нашр намуд.

Софи Ибботсон соҳибкор, нависанда ва саёҳатдӯстдор,  муаасис ва директори ширкати консалтингии «Maximum Exposure» мебошад. Ӯ дар бораи тарзи ҳаёт, таомҳо ва саёҳат менависад. Вай чанде пеш ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» омада буд ва ҳоло ВАО-и Британия маводи ӯро нашр мекунанд.  Аз рӯи навиштаҳои Софи Ибботсон ӯро метавон сафири бренди сайёҳии Тоҷикистон дар Британия номид.

Дар зер матни пурраи мақолаи Софи Ибботсонро, ки дар «The Telegraph» нашр шудааст,  пешниҳод менамоем.

ШАҲРИ ГУМШУДА ПАЙДО ШУД. Бостоншиносон «Мачу-Пикчу»-и Тоҷикистонро кашф карданд

The Telegraph, 16 August, 2019. Соли 2012 заминдори тоҷик дар баландие иншооти сохтаро дарёфт намуд. Оё он яке аз муҳимтарин кашфиёти бостоншиносии замони мо мегардад ё на? «Telegraph Travel» («Телеграф Травел») ба тадқиқоти он шурӯъ кард.

ДАР АКС: Карон метавонад ба яке аз бозёфтҳои муҳими замони мо табдил ёбад. Аксҳои Софи Ибботсон (аз чап) ва Исток (аз рост).

Дар асри XXI, дар замони аксҳои моҳворавӣ мо фикр мекардем, ки тамоми дунё рӯи харита оварда шудааст ва гумон ҳам надоштем, ки як шаҳр метавонад пурра нопадид шавад.

Шумо чӣ тавр метавонед, ки қасрҳову майдонҳои чавгонбозӣ (поло), маъбадҳо, мақбараҳо ва конҳоро нодида гиред? Хусусан вақте ки онҳо дар як мавзеи муҳими стратегӣ бо намо ба сарҳади Афғонистон ҷойгир шуда бошанд.

Вале соли 2012 дар баландии кӯҳҳои болои дарёи Панҷ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминдори маҳаллӣ бостоншиноси собиқадор Юсуфшо Яқубовро барои таҳқиқи ин иншоот, ки онро дар баландии тақрибан 5 км аз шаҳри Қалъаи-Хумб пайдо кардааст, даъват намуд.

Ин нахустин боздид аз қалъаи Карон буд.

7 сол сипарӣ гардид, Яқубов ва дастаи ӯ ҳамоно ҷустуҷӯ доранд. Дар ҳар фасл миқёс ва аҳамияти кашфиёт аёнтар мегарданд. Мавзеи Карон масоҳати беш аз 100 гектарро фаро гирифта, сабки меъмории муҳташами қадимтарини он ба ҳазорсолаи дуюми то мелод рост меояд, вале қисме аз он метавонад 500 сол қабл ишғол гардида бошад. Маъбади обии зардуштӣ, ки ба Худои об бахшида шудааст, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамсон надорад ва далелҳои қурбониҳои хунин аз он шаҳодат медиҳанд, ки Митраизм инҷо низ таҷриба шудааст.

ДАР АКС: Бостоншинос Юсуфшо Яқубов дар Карон. Акси Софи Ибботсон

Баромадан ба Карон тавассути роҳи душворгузаре, ки дар шахе дар болои шоҳроҳи Помир мавҷуд аст, сурат мегирад. Мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser» гардишҳои онро дар як маротиба гузашта наметавонад, бинобар ин ронандаро зарур аст, ки дар ҳар кунҷи ин роҳи сергардиш мошинро пешу қафо ронад.  Ҳамчун мусофири нотавон беҳтараш фикр накунед, ки агар пойи ронанда аз педали газ канда шавад, чӣ ҳодиса рух медиҳад.

Ба қулла расида, ман ба худое, ки маро сиҳату саломат ба он ҷо расонид, изҳори миннатдорӣ намудам ва бо тамошои манзара каме нафасамро рост кардам. Дарёи Панҷ аз равшании нимаи рӯз нуқрагин менамуду сояҳои амиқ тангноҳо ва шахҳои ноҳамворро тақвият медоданд. Вам ан ба поён, ба сӯи деҳаҳои Афғонистон назар кардам.

Ин дарвоза замоне дар роҳи корвонӣ ба самти Хоруғ буд. Тоҷирони Роҳи Абрешим андозҳои худро дар дидбонгоҳи гумрукӣ пардохт мекарданд ва сипас ба шаҳр ворид мешуданд, то шабро дур аз дуздону гургон дар амн рӯз кунанд. Посбонони он бе монеа водиҳоро назора мекарданд ва мавқеи хуби стратегӣ барои муҳофизат доштанд.

Карон ба чор қисм тақсим шуда буд, ки пасттарин қисми он майдони чавгонбозӣ буд. Замини васеъ ва ҳамвор, эҳтимол, барои бозӣ ҳамвор карда шуда буд.  Сокинони Карон мисли ҳамтоёни римиҳо ва юнониҳои қадими худ намоишро дӯст медоштанд. Варзишгоҳе, ки онҳо сохтаанд, масоҳаташ 300 ба 50 метр буд ва зиёда аз 10 ҳазор тамошобинро (ҳам мардон ва ҳам занон), ки имрӯз шаш маротиба аз аҳолии Қалъаи Хумб зиёд мебошад, ҷой карда метавонист. Деворҳои берунӣ ва платформаи бардошта, ки он ҷо шоҳ нишаста, тамошо мекард, боқӣ мондаанд.

Пайдо кардани маъбади оташ дар наздикӣ вазифаи душвортар буд. Бозёфти аз маҷмӯи сангҳои вулқонӣ, болорҳои чӯбӣ ва омехтаи гил сохташударо Яъқубов дар аввал мақбара мепиндошт. Аммо дар онҷо  барои ҷасад лаҳад набуд. Дар асл, он ҳамчун қуллаи кӯҳ (зиккурат) дар заминаи устувори салибмонанд сохта шудааст. Барои зардуштҳо салиб рамзи оташ ва офтоб буд. Кашфи ҳавзи маросимӣ, ки тавассути қубури об пур карда мешуд, фарзияро дар бораи он ки ин маъбад аст, тақвият дод. Дар Эрон мувозиҳои меъморӣ мавҷуданд, аммо агар чизи дигаре монанди он дар Осиёи Марказӣ сохта шуда бошад, он гоҳ он боқӣ намондааст.

ДАР АКС: Сайёҳон кӯчаҳои гумшудаи Каронро меомӯзанд. Акси Сурат Тоисматов

Қисмҳои болоии мавзеъ то даме, ки боло наравед, ноаёнанд. Барои касоне, ки онро надидаанд, қалъа мисли теппаи бо алаф пӯшидаи дорои якчанд баромадгоҳҳои серхарсанг менамояд.

Мӯъҷиза он гоҳ рух медиҳад, ки роҳи шағалӣ тамом мешавад ва шумо ба қулла мерасед.  Қабат ба қабат замини хокӣ тоза карда шуда, биноҳои баландошёна бо зинаҳои осебнодидаашон, кӯчаҳои васеъ ва ҳатто ҷойгоҳи қурбонгоҳҳо бо боқимондаи рангҳои аслии он бозёфт гардиданд. Дар пасманзари теппаҳои мушакӣ тааҷҷубовар нест, ки Карон ва Мачу Пикчу муқоиса карда шуданд. Яъқубов бо ҳаяҷон ба ман бозёфти охиринро нишон дод: зарфи сангини ниҳоят калон, ки дар дохили он кӯдак метавонад нишинад. Он поку дастнорасида буд. Агар хоҳед, ки онро барои захира бо ғалла ё шароб пур кунед, бемушкилӣ метавонед.

ДАР АКС: Карон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад. Акси Сурат Тоисматов

Манзараи Карон дар охири фасл тағйир хоҳад ёфт. Бинобар ин пас аз ҳар соли ҷустуҷӯ қитъаҳои осебпазири он бояд дубора бо хок пӯшонида шаванд, то ки онҳоро аз унсурҳо то замони пурра ҳифз гардидани ин мавзеъ муҳофизат намоянд.

ДАР АКС: силсилаи маводи Софи Ибботсон дар бораи Тоҷикистон.

Барои ҷустуҷӯву тафсири бозёфтҳо ва мубодилаи хабарҳои мавҷудияти онҳо бо боқимондаи ҷаҳон даҳсолаҳо кор кардан зарур аст, вале далелҳо ба он ишора мекунанд, ки Карон метавонад ба унвони яке аз кашфиёти бузургтарини бостоншиносии замони мо шинохта шавад.

                                                                           Тарҷумаи
                                                                                  Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: Софи Ибботсон бо ҳамкоронаш.

Август 22, 2019 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дастовардҳои соҳа меафзояд
Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик ва 95-солагии коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад
Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешаванд
Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардиданд
Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал ва Иди себу ангур баргузор мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Бадахшон ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки хеле кам аст»
Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид
Тоҷикистон ва Русия барои афзудани шумораи гардишгарон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид