Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ховалинг

Август 7, 2019 11:57

07.08.2019, ноҳияи Ховалинг

Ҳамватанони азиз!

Қабл аз ҳама, ба хурду бузурги ноҳияи Ховалинг ва ба ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ, барои пазироии самимии Роҳбари давлат арзи сипос карда, ба хонадони ҳамаи сокинони ноҳия файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Имрӯз мо бо натиҷаҳои заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия шинос шудем ва эътимод ҳосил кардем, ки тайи солҳои охир рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг ва деҳоти он вусъати тоза гирифта, шароити зиндагии мардуми он хеле беҳтар ва симои ноҳия замонавию зебо гардидааст.

Ноҳияи Ховалинг яке аз минтақаҳои хушбоду ҳавои мамлакат ва дорои имкониятҳои фаровони истеҳсолӣ буда, мардуми заҳматқарини он бо истифода аз шароити мусоиди иқлим ва захираҳои бойи табиӣ барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ, пешрафти диёр ва кишвари хеш саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.

Тамоми сокинони кишвар ҳар рӯз шоҳиди ба истифода додани иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ҳастанд ва дарк кардаанд, ки ҳоло раванди ободониву созандагӣ дар саросари мамлакат ба як ҷабҳаи бузург табдил ёфтааст ва мардуми бонангу номуси мо ба хотири ободу зебо гардонидани диёри худ софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, биноҳои хуштарҳи иҷтимоӣ, яъне муассисаҳои таълимиву тиббӣ, роҳу пулҳои нав, таъмиру барқарорсозии иншооти мавҷуда ва фаъолияти муназзами муассисаҳои хизматрасонӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ховалинг далели равшани сол то сол ободу пешрафта гардидани сарзамини биҳиштосоямон мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг, ки дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ободонии Ватани аҷдодии худ бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ заҳмат мекашанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Имрӯз деҳаи Ховалинг, ки маркази маъмурии ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад, ба яке аз мавзеъҳои аҳолинишини аз лиҳози иҷтимоиву фарҳангӣ муҳим табдил ёфта, рушди иқтисодӣ ва афзоиши шумораи аҳолии он торафт вусъат гирифта истодааст.

Бо дарназардошти ин раванд, 8 июли соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он ба деҳаи Ховалинг мақоми шаҳрак дода шуд.

Тибқи маълумот ба истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохтмони зиёда аз 330 иншооту биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст ва корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъат ёфта истодаанд.

То имрӯз аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонӣ ба итмом расида, 51 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардидаанд ва дар масофаи 4 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, 15 хонаи истиқоматӣ барои 15 оила бунёд ва барои 15 нафар қитъаи замин ҷудо карда шудааст, 6 муассисаи таълимӣ барои 2300 нафар хонанда, 12 синфхонаи иловагӣ бо 240 ҷойи нишаст, 5 маркази саломатӣ, 5 меҳмонхона, 18 маркази хизматрасониву савдо, 2 беморхонаи дорои 170 кат, боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти замонавӣ бо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, амфитеатр бо 1000 ҷойи нишаст, 2 бинои маъмурии ҷамоати деҳот, 4 коргоҳи дӯзандагӣ бо 100 адад дастгоҳ, 3 коргоҳи хиштбарорӣ, 10 варзишгоҳи хурд, толори варзиш ва майдончаи бозии кӯдакон, чандин таваллудхонаву дорухона, китобхонаву ошхона, ҳаммому сартарошхона ва дигар иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, фурудгоҳи ноҳия таъмир ва барои истифода омода гардида, дар маҳалҳои аҳолинишин ба масофаи 6 километр хатти барқ, 11 километр хатҳои оби нӯшокӣ кашида шудаанд ва 21 километр кӯчаву хиёбонҳо чароғон ва 500 гектар замин обёрӣ гардидааст.

Барои ободониву гулзоркунии маҳалҳо зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида, 140 гектар боғҳои нав, аз ҷумла 16 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидаанд.

Илова ба корҳои зикршуда, ҳамчунин, 116 хонаи истиқоматӣ ва даҳҳо иншооту биноҳо, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, мактаби мусиқӣ, 13 километр роҳҳои мошингарду 8 пул, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ, варзишгоҳи марказӣ ва иншооти дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақими дохилӣ ва соҳибкорони ватанӣ маблағгузории 88 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ба маблағи умумии зиёда аз 53 миллион сомонӣ корҳои сохтмону ободонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тавассути андешидани тадбирҳои пайваста барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Ховалинг аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона кардааст.

Бо мақсади таъмин намудани рушди бомароми ноҳия дар се соли охир 122 миллион сомонӣ равона гардида, танҳо барои соли ҷорӣ беш аз 43 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф ва нақлиёту кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда қариб 230 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2018 барои дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ 5 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба соли 2017-ум 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аммо ин нишондиҳанда дар муқоиса бо се-чор соли қаблӣ коҳиш ёфтааст, ки чунин ҳолат, пеш аз ҳама, натиҷаи фаъолияти номуназзами ташкилотҳои қарзӣ буда, зарур аст, ки камбудии мазкур ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2018 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 290 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 12 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз 12 корхонаи саноатии ноҳия танҳо 6 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи ҳамагӣ 47 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 34 миллион сомонӣ ё 44 фоиз кам мебошад.

Чунин вазъ нигаронкунанда буда, аз роҳбарони ноҳия ва масъулону мутахассисони корхонаҳо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд.

Барои беҳсозии нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои марбута зарур аст, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ба бунёди корхонаҳои коркарди мева, аз ҷумла истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки захираҳои табиии ноҳия, аз ҷумла тилло ба таври самаранок истихроҷ ва коркард карда шуда, саҳми ин бахш барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Яке аз омилҳои муҳимми рушди шаҳру ноҳияҳо таъмин будани иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бо нерӯи барқ ба ҳисоб меравад.

Гарчанде дар давоми як сол дар ноҳия 9 трансформатори барқӣ, зиёда аз 150 симчӯб ва 15 километр ноқилҳои барқӣ насб карда шудаанд, лекин аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум будани 5 деҳаи ноҳия ва ба зиёда аз 7 миллион сомонӣ расидани маблағи қарзи истифодаи барқ яке аз мушкилоти ҷиддии ноҳия мебошад, ки бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шавад.

Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 175 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта 10 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 9 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 320 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ ман доим таъкид менамоям, ки азхудкунии заминҳои нав ва истифодаи оқилонаи онҳо, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, бунёди боғҳои нав, таъминот бо оби полезӣ ва татбиқи технологияҳои муосир омилҳои асосии афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҳамин васила амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд ки соли 2018 дар ноҳия 120 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 15 гектар боғҳои куҳна барқарор ва 3 насоси обкашӣ ба кор дароварда шудаанд, вале бо об таъмин набудани 1600 гектар заминҳои кишоварзӣ, набудани сардхонаҳо, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, риояи нокифояи агротехникаи парвариши зироат ва коркарди боғҳо, корношоям гардидани техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, норасоии тухмиҳои хушсифати ғалладонагӣ ва картошка барои рушди соҳа мушкилот ба миён овардааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Илова ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи истифодаи самараноки замин аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати бо усулҳои муосир ба роҳ мондани парвариши дарахтони мевадиҳанда, яъне бо истифода аз обёрии қатрагӣ бунёд кардани боғҳои интенсивӣ ва афзун намудани содироти меваи аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин, зиёд кардани майдони заминҳои кишти картошка ва афзоиш додани саршумори чорвои хушзот чораҷӯӣ намоянд.

Соли гузашта дар ноҳия зиёда аз 61 тонна асал истеҳсол карда шудааст, вале ин нишондиҳанда нисбат ба имкониятҳои ноҳия хеле паст мебошад ва зарур аст, ки барои зиёд кардани оилаи занбӯри асал тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Чунки ин соҳа яке аз роҳҳои афзоиш додани ҷойҳои корӣ, даромади аҳолӣ ва содироти маҳсулот мебошад.

Коршиносони соҳа болоравии нархи асалро дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешгӯӣ карда истодаанд. Зеро соли ҷорӣ бо сабаби тағйирёбии иқлим дар як қатор кишварҳо қисми зиёди оилаҳои занбӯри асал нобуд шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ноҳия то имрӯз бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиётӣ як силсила корҳо амалӣ карда шудаанд. Аммо то ҳанӯз дар ин самт камбудиву норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумла то ҳол кам будани хатсайрҳои байни деҳаҳо, ки аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур қарор доранд, барои сокинон мушкилоти зиёд пеш овардааст.

Роҳбарони сохтору мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ки доир ба ҳалли ин масъала бо истифода аз имкониятҳои худӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд ки барои таъмиру таҷдиди роҳҳои ҳудуди ноҳия мунтазам маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд, вале то ба ҳол 208 километр роҳҳои дохилӣ таъмирталаб мебошанд.

Бояд гуфт, ки охири соли 2017 роҳи Восеъ – Ховалингро ба масофаи 88 километр ба маблағи умумии қариб 320 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ карда, ба истифода супорида будем, ки 48 километри он ва 180 миллион сомонӣ аз хароҷоти умумӣ ба ҳудуди ноҳияи Ховалинг рост меояд.

Имрӯз роҳи Данғара — Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба масофаи 45 километр бо 3 пули мошингард тибқи меъёрҳои муосир пурра азнавсозӣ ва ифтитоҳ гардид.

Ин қитъаи роҳ имконият медиҳад, ки сафари мардум ба шаҳри Душанбе як соат кӯтоҳ гардида, интиқоли молу маҳсулот бо хароҷоти камтар анҷом дода шавад.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи роҳҳо дар ҳудуди ноҳия садамаҳои нақлиётӣ умуман ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳол он ки солҳои пеш ҳар сол 10-15 садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин ва ҳатто марги одамон рух медоданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ноҳияи Ховалинг бо таърих ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад, зеро дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг, маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб мебошанд.

Аз ин лиҳоз, таъкид менамоям, ки обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Таъкид месозам, ки ин раванд бояд, махсусан, дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги мактабу маориф барои ояндаи миллату давлат Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаро сол ба сол зиёд мекунад.

Агар маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар соли 2010-ум 6,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 19 миллион сомонӣ расидааст, яъне қариб се баробар афзоиш ёфтааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 39 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4300 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 44 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла, солҳои 2017-2018 ва шаш моҳи соли 2019-ум 6 бинои нав барои 2300 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва ҳоло бунёди 5 муассисаи таълимии муосир идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, сохтмону азнавсозии 5 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, 15 муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд, бинои шуъбаи маориф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло азнавсозии 2 муассисаи таълимии садамавӣ — муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 27 барои 360 ҷойи нишаст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 барои 480 нафар хонанда идома дорад.

Имрӯзҳо бо мақсади дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ низ иқдомоти ватандӯстона амалӣ шуда истодаанд.

Шахсони ҳимматбаланди ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз соли 2018 то имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ биноҳои таълимии замонавӣ барои 1270 нафар хонанда, инчунин, синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода додаанд.

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор камбудиву мушкилот низ ба назар мерасанд, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва вобаста ба табдили мақоми муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миён омадани эҳтиёҷот ба 93 нафар омӯзгорони ихтисосманди забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои дақиқу гуманитарӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Чунин ҳолат дар муассисаҳои тандурустии ноҳия низ ба назар мерасад. Бо сабаби норасоии 22 нафар мутахассисони ихтисосманди соҳа дар самти хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳия мушкилиҳо мушоҳида карда мешаванд.

Аз ин рӯ, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати бо омӯзгорону табибони ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои таълимиву тандурустии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро дар бораи баъзе мушкилоти ҳалталаби ноҳия баён намоям, ки ҳалли онҳо аз ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста мебошад.

Шароити кӯҳистони ноҳияи Ховалинг барои боғпарварӣ, хусусан, боғҳои интенсивӣ, парвариши ниҳолҳои себу гелос, ноку олу ва рушди занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ хеле мусоид аст.

Бинобар ин, зарур аст, ки азхудкунии заминҳои нав вусъат дода шавад. Дар давраи гузашта фақат дар як маҷмааи агросаноатию чорводории ноҳияи Ховалинг 35 ҳазор чорвои калони шохдор парвариш карда мешуд.

Вале вазъи имрӯзаи парвариши чорво умуман қаноатбахш нест. Ҳол он ки ноҳияи Ховалинг барои рушди чорводорӣ захираҳои фаровони хӯроки чорво ва чарогоҳҳои тобистонаи хеле зиёд дорад. Инчунин, захираҳои зиёди гиёҳҳои шифобахши ноҳия имконият медиҳанд, ки фаъолияти дорусозӣ ва занбӯриасалпарварӣ тараққӣ дода шавад.

Бояд гуфт, ки дар гузашта зиёда аз 2000 гектар замини ноҳия тавассути 3 пойгоҳ ва зиёда аз 40 насоси обкашӣ обёрӣ карда мешуд, ки ҳоло онҳо аз фаъолият мондаанд.

Аз ин лиҳоз, Агентии беҳдошти замин ва обёриро зарур аст, ки оид ба барқарор кардани инфрасохтори зикршуда чораҳои мушаххас андешад.

Дар ҳудуди ноҳия даҳҳо ёдгорӣ ва макону мавзеъҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки бояд барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳарчи бештар истифода карда шаванд.

Илова бар ин, идома додани азнавбақайдгирӣ ва азнавбаҳисобгирии заминҳои ноҳия аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад, ки бояд таҳти назорати мақомоти дахлдор қарор дошта бошад.

Бо сабаби зиёд гардидани офатҳои табиӣ ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати ҷиддӣ додан, таъмин намудани деҳаҳо бо оби тозаи нӯшокӣ ва барқарорсозии шабакаи корези маркази ноҳия низ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб мебошад.

Дигар ин, ки дар самти бартараф намудани сабабу омилҳои фавти кӯдакон, таъмиру барқарорсозии беморхонаҳо ва пурра гардонидани ҷойҳои холии табибони баландихтисос бояд чораҳои бетаъхир андешида шаванд.

Тибқи таҳлилҳо сокинони баъзе деҳаҳо аз тамошои барномаҳои телевизиони марказӣ маҳрум мебошанд, ки ҳарчи зудтар бартараф намудани ин мушкилӣ вазифаи Кумитаи телевизион ва радио мебошад.

Ҳамчунин зарур аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллӣ ва хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон чойхонаи миллии Чилчанор барқарор карда шавад.

Таъкид месозам, ки бо вуҷуди корҳои то ба ҳол дар соҳаи маориф амалигардида зиёда аз 20 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд доир ба ҳалли ин масъала низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо истифода аз ширкати роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳия мехоҳам як масъалаи дигарро ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям.

Баъди чанд рӯз мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом – иди Қурбонро таҷлил мекунанд.

Ҳикмати аслии иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва ба ризоияти ӯ умед мебанданд.

Рисолати тарбиявӣ ва ахлоқии ин ид дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат, ростқавливу иродатмандӣ дар бовару эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад.

Дар тӯли асрҳои зиёд талқини арзишҳои инсонпарварӣ, аз қабили хайру эҳсон, дастгирии ятимону маъюбон, беморону ранҷурон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва изҳори ҳамдардӣ ба азодорон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои иди саиди Қурбон ба шумор мераванд.

Дар ин рӯз адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фаризаҳои исломӣ мебошанд.

Вале ҳамватанони мо бояд донанд, ки қурбонӣ кардан ва ба ҷо овардани маносики ҳаҷ танҳо ба онҳое фарз аст, ки имконияти васеи моддӣ доранд, яъне зиндагиашон аз ҳар ҷиҳат таъмин ва бе мушкилот мебошад.

Онҳое низ, ки ба ҳаҷ мераванд, бояд соҳиби манзили истиқоматии обод бо шароити зарурии зист барои худ ва аъзои хонадон бошанд ва дар давраи сафари ҳаҷҷи онҳо аҳли аёлашон аз лиҳози таъминот азият накашанд.

Чунин шахсон, ҳамчунин, бояд масъалаи рӯзгор ва шароити зиндагии хешу табори камбизоати худро ба эътибор гиранд.

Қурбонӣ кардан низ ба чунин шахсон ҷоиз буда, анҷом додани ин амал ба касоне, ки шароити дурусти зиндагӣ надоранд, шарт нест. Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти васеи моддиву молӣ мебошанд, бояд як қисми гӯшти қурбоникардаи худ ва дигар садақаву хайроти худро ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат диҳанд.

Ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона мо бояд аҳкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем.

Фаромӯш набояд кард, ки таърихи пайдоиш ва номи иди Қурбон маънои дастурхони пурдабдаба оростан ва ба тӯю зиёфатхӯрӣ табдил додани ин иди сирф диниро надорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати садҳо нафар фарзандони маъруфи ноҳия хеле бузург аст, ки имрӯз таҷрибаву корномаи онҳо аз ҷониби афроди ватандӯсту бонангу номус дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ноҳия идома дошта, шогирдону дастпарварони онҳо барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд.

Вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартибот, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ тавсеа бахшанд.

Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ бо заҳмати созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани зодгоҳи хеш ва Ватани маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар охир ҷашни бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, ба ҳамаи сокинони шарафманду меҳмоннавози ин диёри зебоманзари кишварамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия рӯзгори ободу осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

 

Август 7, 2019 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Кувайт рафтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Испания Филиппи VI барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ «АРК саноат» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва КВД «Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» -ро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд