ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид

Сентябрь 17, 2026 08:47

ДУШАНБЕ, 17.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои муҳими тағйирёбии сохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологии ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Технологияҳои зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо барои автоматикунонии амалҳои алоҳида, балки барои таҳлили ҳаҷми бузурги додаҳо, пешгӯии равандҳо, қабули қарорҳои дастгиришудаи додаҳо, идоракунии мутобиқшавандаи захираҳо ва ташкили хизматрасониҳои рақамии нав истифода мешаванд. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи  доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзалӣ  Комилиён, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.

 Таҳаввули технологияҳои зеҳни сунъӣ  аз моделҳои мантиқию рамзӣ ва системаҳои экспертӣ оғоз гардида, бо рушди омӯзиши мошинӣ, омӯзиши амиқ, шабакаҳои нейронӣ, моделҳои пешомӯзонидашудаи забонӣ ва системаҳои тавлидкунандаи муосир ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст. Дар ин раванд афзоиши иқтидори ҳисоббарорӣ, ҷамъоварии додаҳои калон ва рушди усулҳои нави омӯзиши мошинӣ имконият доданд, ки системаҳои зеҳнӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон васеъ истифода шаванд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ин раванд махсусан ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, беҳтар намудани сифати таълим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ алоқаманд мебошад.

Дар ин замина, масъала на танҳо дар ворид намудани технологияҳои омодаи зеҳни сунъӣ, балки дар ташаккули иқтидори миллӣ барои таҳия, мутобиқсозӣ, арзёбӣ ва истифодаи масъулонаи чунин технологияҳо ифода меёбад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори рақамӣ, захираҳои додаҳо, омодасозии мутахассисон, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва ташкили заминаи ҳуқуқию ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун унсурҳои ба ҳам алоқаманди як низоми ягона баррасӣ шаванд.

Мақсади асосии таҳқиқот таҳлили имконияти татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар шароити иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ташаккули экосистемаи миллии зеҳни сунъӣ мебошад. Барои расидан ба ин мақсад масъалаҳои зерин мавриди таҳлил қарор гирифтаанд:

– муайян намудани хусусияти асосии таҳаввули зеҳни сунъӣ ва марҳилаҳои рушди он;

– таҳлили имконияти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ  дар соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ;

– арзёбии заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва илмӣ-технологии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон;

– таҳлили саҳми мактаби илмии муаллиф дар рушди моделсозии математикӣ, низомҳои ҳисоббарорӣ, архитектураии микросервисӣ ва низомҳои иттилоотии зеҳнӣ;

– муайян намудани масъалаҳои асосии рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла масъалаҳои додаҳо, инфрасохтор, кадрҳо, амнияти иттилоотӣ ва масъулияти алгоритмӣ;

– таҳияи модели стратегии татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар шароити Тоҷикистон.

Дар таҳқиқот усулҳои таҳлили системавӣ, муқоисавӣ, моделсозии математикӣ ва компютерӣ, таҳлили сохторию функсионалӣ, таҳлили адабиёти илмӣ ва санадҳои сиёсӣ-стратегӣ истифода шудаанд. Барои арзёбии имконияти татбиқи зеҳни сунъӣ инчунин таҷрибаи байналмилалӣ ва самтҳои рушди рақамикунонии Тоҷикистон ба назар гирифта шудаанд.

Таҳаввули зеҳни сунъӣ ва аҳамияти иҷтимоию иқтисодии он

Асосҳои назариявии зеҳни сунъӣ ба таҳқиқоти ибтидоии моделсозии фаъолияти нейронӣ ва мантиқии низомҳои ҳисоббарорӣ вобастаанд. Соли 1943 Уоррен Маккалок ва Уолтер Питтс, олимони Амрико, модели математикии нейрони сунъиро пешниҳод намуда, яке аз заминаҳои назариявии рушди шабакаҳои нейронӣ ва зеҳни сунъиро ба вуҷуд оварданд.

Соли 1950 математики бритониёӣ Алан Тюринг масъалаи имконияти «фикр кардан»-и мошинро таҳлил намуда, бо пешниҳоди санҷиши маъруф ба рушди фалсафӣ ва методологии зеҳни сунъӣ таъсири назаррас расонд.

Соли 1956 дар семинари Дартмут истилоҳи «Artificial Intelligence» ба таври расмӣ истифода шуд. Муҳаққиқони амрикоӣ Ҷон Маккарти, Марвин Минский, Натанел Рочестер ва Клод Шеннон дар ташаккули ин самти илмӣ саҳми муҳим гузоштанд. Дар давраҳои минбаъда системаҳои рамзӣ, системаҳои экспертӣ, омӯзиши мошинӣ ва баъдан омӯзиши амиқ рушд карданд.

Дар асри XXI афзоиши ҳаҷми додаҳо, рушди воҳидҳои махсуси ҳисоббарорӣ ва такмили алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ ба рушди босуръати шабакаҳои нейронӣ мусоидат намуд. Пайдоиши архитектураии Transformer дар соли 2017 имкониятҳои коркарди пайдарпайии додаҳо ва забони табииро ба таври назаррас васеъ кард. Моделҳои минбаъдаи забонӣ ва системаҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ истифодаи технологияҳои зеҳниро дар коркарди матн, тасвир, садо, барномасозӣ ва қабули қарорҳо густариш доданд.

Аз нуқтаи назари иҷтимоию иқтисодӣ зеҳни сунъӣ метавонад се вазифаи асосиро иҷро намояд: якум, автоматикунонии равандҳои меҳнатталаб; дуюм, баланд бардоштани сифати таҳлил ва пешгӯӣ; сеюм, ташкили шаклҳои нави хизматрасонӣ ва маҳсулоти рақамӣ. Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ тадриҷан аз як воситаи технологӣ ба унсури инфрасохтории иқтисоди рақамӣ табдил меёбад.

Имконияти истифодаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон:

Маориф ва сармояи инсонӣ. Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки татбиқи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Низомҳои зеҳнӣ метавонанд барои таҳлили натиҷаҳои таълим, мутобиқсозии маводи таълимӣ ба сатҳи дониш, ташкили муҳитҳои омӯзиши мутобиқшаванда ва дастгирии омӯзгор истифода шаванд.

Дар шароити Тоҷикистон истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таҳияи муҳитҳои рақамии бисёрзабона, аз ҷумла бо дастгирии забони тоҷикӣ, аҳамияти махсус дорад. Таҳияи захираҳои рақамии забонӣ, корпусҳои матнӣ ва моделҳои коркарди забони табиӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати технологияҳои таълимии миллӣ замина фароҳам созад.

Зеҳни сунъӣ инчунин метавонад дар самти роҳнамоии касбӣ, таҳлили натиҷаҳои санҷишҳо, ошкор намудани мушкилоти таълимӣ ва ташкили барномаҳои инфиродии омӯзишӣ истифода шавад.

Иқтисод ва молия. Дар иқтисодиёт зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таҳлили бозор, баҳодиҳии хавфҳо, ошкор намудани амалиётҳои ғайриоддӣ, баҳодиҳии қобилияти қарзгирӣ ва автоматикунонии хизматрасониҳои молиявӣ истифода шавад.

Барои Тоҷикистон чунин технологияҳо дар шароити рушди соҳибкории рақамӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ метавонанд самаранокии қабули қарорҳоро баланд бардоранд. Бо вуҷуди ин, истифодаи зеҳни сунъӣ  дар соҳаи молия бояд бо механизмҳои шаффофияти қарорҳо, ҳифзи додаҳои шахсӣ ва назорати инсонӣ ҳамроҳ бошад.

Кишоварзӣ. Соҳаи кишоварзӣ соҳаест, ки дар он технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд натиҷаи назаррас диҳанд. Таҳлили тасвирҳои моҳворавӣ ва маълумоти сенсорӣ метавонад барои арзёбии ҳолати замин, муайян намудани норасоии об, ошкор намудани бемориҳои растанӣ ва пешгӯии ҳосил истифода шавад.

Дар шароити Тоҷикистон, ки масъалаҳои истифодаи самараноки об, тағйирёбии иқлим ва ҳосилнокии замин аҳамияти калон доранд, ҳамгироии зеҳни сунъӣ бо низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, сенсорҳо ва маълумоти гидрометеорологӣ метавонад ба ташаккули кишоварзии дақиқ мусоидат намояд.

Энергетика. Соҳаи энергетика дорои ҳаҷми зиёди додаҳои вақтӣ мебошад. зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯии истеъмоли неруи барқ, муайян намудани тағйирёбии сарборӣ, ошкор намудани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ, оптимизатсияи тақсимоти энергия ва идоракунии мутобиқшавандаи шабакаҳо истифода шавад.

Бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, истифодаи технологияҳои таҳлилии дар пешгӯии истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии энергетикӣ мусоидат намояд.

Об, иқлим ва экология. Масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд. Дар ин самт моделсозии математикӣ, омӯзиши мошинӣ ва таҳлили додаҳои муҳити зист метавонанд барои пешгӯии тағйироти гидрологӣ, арзёбии хавфҳои экологӣ, мониторинги захираҳои об ва дастгирии қабули қарорҳо истифода шаванд.

Таҳқиқоти вобаста ба моделсозии экосистемаҳои обӣ, ки дар мактаби илмии муаллиф ташаккул ёфтаанд, аз ҷумла моделсозии динамикаи экосистемаҳои обанборҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ, барои гузариш аз моделҳои анъанавии тақлидӣ ба низомҳои таҳлилии рақамии муосир заминаи методологӣ фароҳам меоранд.

Идоракунии давлатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ. Яке аз самтҳои муҳими татбиқи зеҳни сунъӣ рақамикунонии коркарди ҳуҷҷатҳо мебошад. Дар ин раванд шинохти оптикии матн (OCR – Optical Character Recognition) метавонад матни ҳуҷҷатҳои сканшуда ё тасвириро ба шакли рақамӣ табдил диҳад. Баъдан моделҳои забонӣ, аз ҷумла BERT, метавонанд барои таҳлили маъноӣ ва сохтории матн истифода шаванд.

Ҳамин тавр, занҷири технологии «ҳуҷҷати сканшуда OCR матни рақамӣ таҳлили забонӣ бо BERT гурӯҳбандӣ ва ҷустуҷӯ масирдиҳӣ ва идоракунии ҳуҷҷат» метавонад асоси ташкили низомҳои зеҳнии ҳуҷҷатгузориро ташкил диҳад.

Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки OCR ва BERT вазифаҳои якхела надоранд: OCR матнро аз тасвир мешиносад, дар ҳоле ки BERT ҳамчун модели пешомӯзонидашудаи забонӣ барои таҳлили сохтор ва маънои матн истифода мешавад.

Заминаи сиёсӣ ва инфрасохтории рушди зеҳни сунъӣ

     Рушди зеҳни сунъӣ  дар Тоҷикистон дар заминаи васеътари сиёсати рақамикунонии кишвар амалӣ мегардад. Яке аз санадҳои муҳими соҳавӣ «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад, ки дар феҳристи санадҳои соҳавии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дода шудааст.

Қадами муҳими дигари сиёсӣ пешниҳоди эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Ин ташаббус дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 баён шуда, ба суръат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи васеи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт равона шудааст. Дар ин санад ба як қатор самтҳои бевосита вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ шудааст: такмили инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, ташкили махзани миллии маълумот, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ва таҳкими амнияти киберӣ.

Дар соли 2026 низ рушди инфрасохтори рақамӣ идома дорад. Аз ҷумла, Хадамоти алоқа хабар медиҳад, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 дар кишвар 131 истгоҳи базавии 5G фаъол буда, насби чунин истгоҳҳо дар минтақаҳои гуногун идома ёфтааст.

Ҳамин тариқ, барои рушди зеҳни сунъӣ заминаи инфрасохторӣ бояд маҷмуи панҷ унсурро дар бар гирад: шабакаҳои баландсуръати алоқа, марказҳои коркарди маълумот, захираҳои ҳисоббарорӣ, низоми ҷамъоварӣ ва ҳифзи додаҳо ва воситаҳои таъмини амнияти киберӣ.

Замина ва таҳаввули мактаби илмии мо

  Рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон бояд танҳо чун воридкунии технологияҳои хориҷӣ арзёбӣ нашавад. Дар мамлакат заминаҳои илмии вобаста ба моделсозии математикӣ, моделсозии компютерӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои ҳисоббарорӣ солҳои зиёд ташаккул ёфтаанд.

Дар ин раванд таҳқиқоти анҷомдодаи мактаби илмии мо мавқеи хос дорад. Самти асосии корҳои илмии ин мактаб ба моделсозии математикӣ ва компютерии низомҳои мураккаб, аз ҷумла экосистемаҳои обанборҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, мамнӯъгоҳҳо, оилаи занбӯри асал, популятсияи мурғи марҷон ва инчунин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, махсусан маориф ва тиб, вобаста мебошад.

Масалан, таҳқиқоти диссертатсионии муаллифи ин сатрҳо ба моделсозии тақлидии динамикаи экосистемаҳои обанборҳои сунъӣ бахшида шуда, асосҳои истифодаи моделҳои математикӣ, усулҳои ададӣ ва маҷмуи барномаҳо барои таҳлили системаҳои мураккаб инкишоф дода шудааст.

Бо гузашти вақт ин самти таҳқиқот ба масъалаҳои системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои ҳисоббарорӣ ва архитектураии системаҳои муосир пайваст гардид. Ҳамин таҳаввул имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи моделсозии системаҳои мураккаб бо технологияҳои рақамӣ, микросервисҳо, моделҳои забонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамгиро карда шавад.

Дар доираи рушди мактаби илмии мо корҳои илмии шогирдон низ ба самтҳои моделсозии математикӣ, моделсозии компютерӣ, системаҳои иттилоотӣ, системаҳои тақсимшуда ва технологияҳои зеҳнӣ густариш ёфтаанд. Аз ҷумла, корҳои илмии профессор Ф.С. Комилиён ва докторанти PhD М.Ф. Раҳимов оид ба архитектураии микросервисӣ, тақсимоти захираҳои иттилоотӣ ва низомҳои зеҳнии ҳуҷҷатгузорӣ ин таҳаввулро инъикос мекунанд.

Аз системаҳои ҳисоббарории тақсимшуда ба архитектураии микросервисӣ

Ташаккули низомҳои рақамии муосир ба гузариш аз архитектураии монолитӣ ба системаҳои тақсимшуда ва баъдан ба архитектураии микросервисӣ оварда расонид. Дар архитектураии микросервисӣ низом  ба маҷмуи хидматҳои нисбатан мустақил тақсим мешавад, ки ҳар яке вазифаи муайянро иҷро намуда, тавассути интерфейсҳои стандартӣ бо дигар ҷузъҳо ҳамкорӣ мекунад.

Таҳқиқоти муаллифони зикршуда оид ба муқоисаи архитектураиҳои монолитӣ ва микросервисӣ нишон медиҳад, ки масъалаҳои миқёсшавӣ, чандирӣ, идорашавӣ, самаранокӣ ва эътимоднокӣ дар интихоби архитектураии низом нақши муҳим доранд.

Дар корҳои минбаъдаи ин муаллифон масъалаи истифодаи архитектураии микросервисӣ барои тақсимоти самараноки захираҳои иттилоотӣ ва ташкили системаҳои муосири рақамӣ таҳлил шудааст. Ин таҳқиқотҳо барои гузариш ба низомҳои дорои сохтори тақсимшуда ва мутобиқшаванда заминаи методологӣ фароҳам меоранд.

Дар чунин муҳит зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун қабати зеҳнии система амал карда, додаҳоро таҳлил намуда, натиҷаҳои пешгӯишаванда ё тавсияҳои идоракуниро ба дигар хидматҳо пешниҳод намояд.

Гузариш ба экосистемаҳои рақамии зеҳнӣ

Марҳилаи нави рушди системаҳои тақсимшуда бо ташаккули экосистемаҳои рақамии зеҳнӣ алоқаманд мебошад. Агар дар системаҳои анъанавии тақсимшуда диққати асосӣ ба мубодилаи додаҳо ва иҷрои функсияҳо дода шавад, дар экосистемаи рақамии зеҳнӣ қобилияти таҳлил, пешгӯӣ, омӯзиш ва мутобиқшавӣ низ ба унсури сохторӣ табдил меёбад.

Дар чунин экосистемаҳо метавонанд микросервисҳо, махзанҳои маълумот, воситаҳои таҳлили додаҳои калон, моделҳои омӯзиши мошинӣ, интерфейсҳои барномавӣ ва механизмҳои идоракунии мутобиқшаванда ҳамгиро шаванд.

Корҳои илмии профессор Ф.С. Комилиён ва докторант-унвонҷӯ М.Р. Ёров оид ба таҳаввули архитектураии системаҳои ҳисоббарории тақсимшуда аз технологияҳои абрӣ то экосистемаҳои рақамии зеҳнии микросервисӣ ин гузариши методологиро инъикос менамоянд.

Аз нуқтаи назари назариявӣ чунин экосистема метавонад ҳамчун «додаҳо → коркард омӯзиш пешгӯӣ қабули қарор амал бозхӯр» тасвир карда шавад. Маҳз мавҷудияти бозхӯр (алоқаи баръакс) ба система имконият медиҳад, ки натиҷаи амалҳои қаблиро таҳлил намуда, рафтори минбаъдаи худро мутобиқ созад.

Системаҳои зеҳнии ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамгироии BERT

Яке аз самтҳои мушаххаси рушди экосистемаҳои рақамии зеҳнӣ таҳияи системаҳои ҳуҷҷатгузории зеҳнӣ мебошад. Дар чунин системаҳо мақсад танҳо рақамикунонии ҳуҷҷат нест, балки табдил додани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ба раванди таҳлилшаванда ва қисман автоматиконидашуда мебошад.

Дар корҳои илмии Ф.С. Комилиён, М.Ф. Раҳимов ва дигар ҳаммуаллифон модели низоми ҳуҷҷатгузории зеҳнӣ дар асоси архитектураии микросервисӣ ва модели BERT таҳия ва таҳлил шудааст.

Архитектураи пешниҳодшаванда метавонад аз микросервисҳои қабули ҳуҷҷат, OCR, коркарди пешакии матн, таҳлили забонӣ, шинохти воҳидҳои номӣ, гурӯҳбандӣ, ҷустуҷӯ ва идоракунии ҷараёни ҳуҷҷатҳо иборат бошад.

Дар ин ҷо BERT барои дарки контекст ва муносибатҳои забонӣ истифода шуда, модели шинохти воҳидҳои номӣ метавонад шахс, сана, маблағ, суроға ва дигар унсурҳои муҳими ҳуҷҷатро муайян намояд. Натиҷаи чунин коркард метавонад ба системаи идоракунии ҳуҷҷатҳо барои гурӯҳбандӣ, масирдиҳӣ ва ҷустуҷӯи зеҳнӣ интиқол дода шавад. Аз ин нуқтаи назар, системаҳои ҳуҷҷатгузории зеҳнӣ барои рақамикунонии муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо имконияти назаррас доранд.

Муҳитҳои зеҳнии рақамии таълим

  Таҳаввули муҳитҳои рақамии таълим низ бо рушди зеҳни сунъӣ  робитаи мустақим дорад. Муҳити таълимии зеҳнӣ бояд на танҳо маводи таълимиро ба таври электронӣ пешниҳод кунад, балки қобилияти таҳлили фаъолияти хонанда ё донишҷӯ, муайян намудани сатҳи азхудкунӣ ва мутобиқсозии раванди таълимро дошта бошад.

Дар корҳои илмии профессор Ф.С. Комилиён ва докторант-унвонҷӯ Ш.Х. Тағоев тамоюлҳои рушди муҳитҳои зеҳнии рақамии таълим ва адабиёти илмии марбут ба онҳо арзёбӣ гашта, таҳлили муқоисавии муҳитҳои муосири рақамии таълим анҷом дода шудаанд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ дар чунин муҳитҳо метавонад ба ташкили омӯзиши инфиродӣ, тавсия додани маводди таълимӣ, арзёбии автоматии натиҷаҳо, пешгӯии хавфи қафомонии хонанда (донишҷӯ) ва ташкили ёвари рақамии таълимӣ мусоидат кунад. Барои Тоҷикистон масъалаи муҳим таҳияи чунин муҳитҳо бо назардошти хусусиятҳои забонӣ, фарҳангӣ ва сохтори миллии низоми маориф мебошад.

Зеҳни сунъӣ, рушди устувор ва афзалияти Тоҷикистон

Зеҳни сунъӣ метавонад ба якчанд ҳадафи рушди устувор таъсири мусбат расонад. Дар соҳаи маориф он метавонад дастрасӣ ба донишро васеъ намояд; дар соҳаи тандурустӣ – таҳлили маълумоти тиббиро дастгирӣ кунад; дар кишоварзӣ – истифодаи самараноки об ва заминро мусоидат намояд; дар энергетика – пешгӯии истеҳсол ва истеъмоли неруи барқро беҳтар созад; дар идоракунии давлатӣ – сифати хизматрасониҳоро баланд бардорад.

Барои Тоҷикистон чунин истифода бояд ба афзалиятҳои миллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқ карда шавад. Аз ҷумла, рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, энергетика, идоракунии захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт ва рушди соҳибкории рақамӣ метавонанд самтҳои афзалиятноки татбиқи зеҳни сунъӣ бошанд.

Ҳамзамон, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ метавонанд тафовути рақамиро ҳам афзоиш диҳанд, агар дастрасии нобаробар ба интернет, таҷҳизот, маълумот ва малакаҳои рақамӣ ба назар гирифта нашавад. Аз ин рӯ, сиёсати рушди зеҳни сунъӣ бояд принсипи фарогириро риоя намояд.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар СММ

  Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир масъалаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи байналмилалӣ низ пайгирӣ менамояд. Яке аз натиҷаҳои муҳими дипломатияи Тоҷикистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид A/RES/79/322 «Role of artificial intelligence in creating new opportunities for sustainable development in Central Asia» аз 25 июли соли 2025 мебошад. Ҳадафи он ба истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Дар доираи ин ташаббус масъалаҳои таъсиси маркази минтақавии  зеҳни сунъӣ дар Душанбе, рушди барномаҳои муштараки омодасозии кадрҳо, дастгирии стартапҳои технологӣ ва густариши ҳамкории илмӣ миёни кишварҳои минтақа аҳамияти махсус доранд.

Қадами дигари муҳим қабули қатъномаи A/RES/79/325 аз 26 августи соли 2025 мебошад, ки таъсиси гурӯҳи мустақили байналмилалии илмӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва муколамаи глобалӣ оид ба идоракунии зеҳни сунъиро пешбинӣ менамояд. Ин раванд барои ташаккули заминаи илмӣ ва бисёрҷонибаи идоракунии байналмилалии зеҳни сунъӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи СММ низ масъалаи истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, инчунин масъалаҳои амнияти киберӣ ва хавфҳои истифодаи нодурусти технологияҳои нав таъкид шудаанд.

Дар соли 2026 ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт идома ёфтанд. Масалан, 31-уми августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси эълон намудани 31 август ҳамчун «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд, ки аз соли 2027 таҷлил гардидани он пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи зеҳни сунъӣ тадриҷан аз сатҳи сиёсати миллӣ ба сатҳи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ баромада истодаанд. Барои Тоҷикистон ин раванд имконияти ҷалби захираҳои илмӣ, молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ва ҳамзамон муаррифии иқтидори илмии кишварро фароҳам меорад.

Мушкилоти асосии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон

     Бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мебошад:

якум – инфрасохтори ҳисоббарорӣ

    Омӯзиши моделҳои муосири зеҳни сунъӣ, махсусан моделҳои калон, захираҳои зиёди ҳисоббарорӣ ва нигоҳдории додаҳоро талаб мекунад. Аз ин рӯ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва дастрасӣ ба ҳисоббарории баландмаҳсул муҳим мебошад;

дуюм – дастрасӣ ба додаҳои босифат. Сифати модели зеҳни сунъӣ ба сифати додаҳои омӯзишӣ вобастагии мустақим дорад. Барои Тоҷикистон ташкили маҷмуаҳои додаҳои миллӣ, корпусҳои забонии тоҷикӣ, додаҳои соҳавӣ ва стандартҳои мубодилаи маълумот зарур мебошад;

сеюм – норасоии кадрҳои баландихтисос. Барои рушди экосистемаи миллӣ мутахассисон дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, омӯзиши амиқ, муҳандисии додаҳо, коркарди забони табиӣ, амнияти киберӣ, муҳандисии системаҳои тақсимшуда ва таҳлили додаҳо заруранд;

чорум – масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ. Истифодаи зеҳни сунъӣ  бояд бо талаботи шаффофият, ҳифзи махфият, масъулиятнокӣ, тафсирпазирӣ ва пешгирии ғаразнокии алгоритмӣ мувофиқ бошад;

панҷум – вобастагӣ аз технологияҳои хориҷӣ. Истифодаи маҳсулоти хориҷии зеҳни сунъӣ зарурати ташаккули иқтидори дохилии таҳия ва мутобиқсозии технологияҳоро аз байн намебарад. Баръакс, барои ҳифзи истиқлолияти технологӣ бояд таҳқиқоти миллӣ ва таҳияи қарорҳои мутобиқ ба талаботи Тоҷикистон дастгирӣ карда шавад;

шашум – амнияти киберӣ. Густариши системаҳои зеҳнӣ метавонад ҳамзамон сатҳи хавфҳои нави кибериро зиёд кунад. Аз ин рӯ, ҳифзи додаҳо ва инфрасохтори ҳисоббарорӣ бояд қисми ҷудонашавандаи архитектураии системаҳои зеҳни сунъӣ бошад.

Модели панҷсатҳаи стратегии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон. Бо назардошти натиҷаҳои таҳлил модели панҷсатҳаи рушди зеҳни сунъӣ  пешниҳод карда мешавад:

сатҳи 1 – инфрасохтор: шабакаҳои баландсуръат, марказҳои коркарди маълумот, захираҳои ҳисоббарорӣ, технологияҳои абрӣ ва инфрасохтори 5G;

сатҳи 2 – додаҳо: махзанҳои миллии маълумот, корпусҳои забонии тоҷикӣ, додаҳои соҳавӣ, стандартҳои мубодила ва ҳифзи маълумот;

сатҳи 3 – илм ва технология: моделсозии математикӣ, омӯзиши мошинӣ, омӯзиши амиқ, коркарди забони табиӣ, моделҳои компютерӣ, системаҳои тақсимшуда ва таҳқиқоти зеҳни сунъӣ;

сатҳи 4 – татбиқ: маориф, молия, энергетика, кишоварзӣ, об, экология, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории зеҳнӣ;

сатҳи 5 – экосистема: қонунгузорӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, омодасозии кадрҳо, стартапҳо, ҳамкории донишгоҳу истеҳсолот, сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ.

Ин сатҳҳоро метавон дар шакли занҷири стратегӣ чунин ифода намуд: «инфрасохтор → додаҳо илм ва технология татбиқ экосистемаи зеҳнии миллӣ». Афзалияти ин модел дар он аст, ки рушди зеҳни сунъӣ на ҳамчун як технологияи ҷудогона, балки ҳамчун низоми мукаммали илмӣ-технологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад.

Бо назардошти хусусияти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои зеринро метавон самтҳои афзалиятноки татбиқ ҳисобид:

  • ташкили корпусҳои миллии додаҳо ва захираҳои забонии тоҷикӣ;
  • рушди муҳитҳои зеҳнии рақамии таълим;
  • рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ;
  • пешгӯии сарборӣ ва идоракунии мутобиқшавандаи захираҳои энергетикӣ;
  • таҳлили додаҳои кишоварзӣ ва идоракунии самараноки об;
  • моделсозии равандҳои экологӣ ва иқлимӣ;
  • рушди хизматрасониҳои молиявии зеҳнӣ;
  • рушди марказҳои коркарди маълумот ва инфрасохтори ҳисоббарории миллӣ;
  • таҳияи моделҳои коркарди забони тоҷикӣ;
  • ташаккули низоми миллии арзёбӣ ва идоракунии хавфҳои зеҳни сунъӣ.

Навгонии таҳқиқот

   Навгонии асосии таҳқиқот дар систематизатсияи имкониятҳои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар шароити иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва пайваст намудани онҳо бо таҳаввули системаҳои ҳисоббарории тақсимшуда, архитектураии микросервисӣ, моделсозии математикӣ ва экосистемаҳои рақамии зеҳнӣ ифода меёбад.

Ҳамчун натиҷаи таҳлил модели панҷсатҳаи рушди зеҳни сунъӣ – инфрасохтор, додаҳо, илм ва технология, татбиқ ва экосистема – пешниҳод гардида, робитаи пайдарпайи ин сатҳҳо муайян карда шудааст.

Ҷанбаи дигари муҳим пайвастани таҳқиқоти солҳои қаблӣ дар соҳаи моделсозии математикӣ ва системаҳои ҳисоббарорӣ бо масъалаҳои муосири зеҳни сунъӣ мебошад. Ин пайвастагӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи илмии ҷамъшуда барои ташаккули системаҳои рақамии зеҳнии насли нав истифода шавад.

Аҳамияти амалии натиҷаҳо

     Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули муҳитҳои зеҳнии таълим, рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ, рушди системаҳои иттилоотии давлатӣ ва ташкили инфрасохтори миллии зеҳни сунъӣ истифода шаванд.

Модели пешниҳодшуда инчунин метавонад ҳамчун асоси методологӣ барои таҳияи харитаи роҳи рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи муассиса, соҳа ва кишвар хизмат намояд.

Барои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд дар ташаккули самтҳои нави таҳқиқотӣ, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои байнисоҳавӣ истифода шаванд.

Хулоса. Таҳлил нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои калидии марҳилаи нави рушди рақамӣ табдил ёфта, таъсири он ба иқтисод, маориф, идоракунии давлатӣ, энергетика, кишоварзӣ, экология ва дигар соҳаҳо минбаъд афзоиш хоҳад ёфт.

Барои Тоҷикистон истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ бояд бо хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, захираҳои инсонӣ, имкониятҳои энергетикӣ, масъалаҳои обу иқлим ва талаботи рақамикунонии кишвар мувофиқ карда шавад. Дар ин раванд танҳо харидорӣ ва истифодаи маҳсулоти тайёри технологӣ кофӣ нест. Ташаккули иқтидори миллӣ дар самти таҳияи додаҳо, моделҳои математикӣ, алгоритмҳо, инфрасохтори ҳисоббарорӣ ва кадрҳои баландихтисос аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» заминаи сиёсиро барои рушди минбаъдаи ин самт фароҳам овардаанд.

Ҳамзамон, ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи СММ, аз ҷумла қатъномаи A/RES/79/322 оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва A/RES/79/325 оид ба ташкили гурӯҳи мустақили байналмилалии илмӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва муколамаи глобалӣ оид ба идоракунии зеҳни сунъӣ, барои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт заминаи муҳим фароҳам овардаанд.

Аз нуқтаи назари илмӣ, рушди зеҳни сунъӣ зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон метавонад ба таҳаввули минбаъдаи мактабҳои илмии мавҷуда, аз ҷумла дар самтҳои моделсозии математикӣ, системаҳои ҳисоббарории тақсимшуда, архитектураии микросервисӣ ва системаҳои иттилоотии зеҳнӣ такя намояд, зеро таҷрибаи илмии ин мактабҳо дар самти моделсозии системаҳои мураккаб метавонад бо технологияҳои муосири рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пайваст карда шавад.

Дар маҷмуъ, барои ташаккули экосистемаи миллии бояд занҷири ягонаи «инфрасохтор – додаҳо – илм ва технология – татбиқ – экосистема» ба роҳ монда шавад. Танҳо дар сурати рушди ҳамзамони ҳамаи ин унсурҳо зеҳни сунъӣ метавонад аз як воситаи технологӣ ба омили воқеии рушди устувор, рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон табдил ёбад.

Сентябрь 17, 2026 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд