Дар Дубай ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

Август 28, 2019 08:09

ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ростои эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар ҳамкорӣ бо маркази  «Ателер Лантана» 25-28 августи соли 2019 дар бинои Анҷумани илм ва фарҳанги Дубай Намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ сокинону меҳмонони Дубай, намояндагони  корпуси дипломатӣ ва аҳли илму фарҳанги АМА иштирок доштанд.

Дар намоишгоҳ ҳунару маҳорати рассомони тоҷик, нақшу нигораҳои ҳунармандон аз сангҳои гуногун, намунаҳои сӯзанӣ ва гулдӯзии чакан, кундал ва дигар фаровардаҳои ҳунармандони Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуданд.

 

Август 28, 2019 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад