Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Ҷаласаи мазкур 21-24 август баргузор гардида, дар он ҳайатҳои ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ иштирок менамоянд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи мамлакат, интизор меравад, ки иштирокдорон масъалаҳои банақшагирии дурнамодори фаъолияти муштарак ва рушди ҳамгироии бисёрҷониба, инчунин таъсис ва такмили низомҳои муштараки низомиро баррасӣ намоянд.
Инчунин барои сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳ саёҳат ба Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз»-и пойтахт, Боғи Ирам ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил мегардад.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






