Дар Душанбе масоили тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ баррасӣ гардид

Август 22, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Намояндаи махсусии Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ Мами Мизутори ва муовини Маъмури Барномаи рушди СММ (БРСММ) Асако Окаӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба натиҷаи Конфронси минтақавӣ роҷеъ ба иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, ки 21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ибрози назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори СММ ва дурнамои иқдомҳои муштарак вобаста ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мубодилаи афкор намуданд.

Август 22, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд