Дар шаҳри Роғун Маркази таълимии рушди малакаҳо бунёд мегардад

Август 3, 2019 09:11

РОҒУН, 03.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар шаҳри Роғун аз ҷониби Бонки рушди Осиё як лоиҳаи калон тарҳрезӣ гардида, айни замон дар ҳоли таҳия қарор дорад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтмони Маркази таълимии рушди малакаҳоро дар ин шаҳр пешбинӣ намудааст.  Дар ин бора мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ,  лоиҳа бо маблағи беш аз 9 млн доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои сохтмони бинои таълимии рушди малакаҳо, ки бо  тамоми инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби Бонки рушди Осиё сохта мешавад, 2 гектар  замин ҷудо гардидааст.

Маълум аст, ки бунёди  корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, рушд додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои пешрафти зиндагии шоистаи аҳолӣ замина мегузоранд. Ҳамзамон амалӣ гардидани лоиҳаҳои хурду бузург барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар айни замон корҳои лоиҳакашию меъмории маркази мазкур бо маром идома доранд. Ба истифода додани бинои марказ  туҳфаи арзандае ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Август 3, 2019 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид