Дар шаҳри Самарқанд Фестивали «Таронаҳои Шарқ» баргузор мешавад

Август 22, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» («Шарқ  тароналари»)  баргузор мегардад.

Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон   мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.

Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон бо роҳбарии  Соҳиба Давлатшоева ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ  менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

Ҳадаф аз таъсиси ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи  мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.

Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, он  дар саҳни мадрасаи Шердор аз  қисми шаб оғоз меёбад.

Дар фестивали мазкур меҳмонон аз 70 давлати дунё-намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ менамоянд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад

Инчунин дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ  таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Август 22, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид