ФАЛОКАТ АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ВА НОДИДА ГИРИФТАНИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ МЕХЕЗАД. Дар ду шабонарӯз бар асари рух додани садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ба ҳалокат расидаанд

Август 13, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 13.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон бар асари рух додани садамаҳои гуногуни нақлиётӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 2 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, 11 августи соли 2019 дар роҳи мошингарди Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваста, сабаби марги 3 нафар хешовандон шудаанд.

«Дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳусейнов Равшан Шарофович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи зикршуда дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии 67 метр чаппа шудааст», — омадааст дар иттилоияи ВКД.

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа ронанда Ҳусейнов Р.Ш. ва мусофирони мошин шаҳрвандон: Ҳусейнова Муноҷот, соли таваллудаш 2001, Ҳусейнова Хосият, соли таваллудаш 1951, сокинони шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигар Ҳусейнова Гулнора, соли таваллудаш 1978 ва ноболиғ Ҳусейнова Робия, соли таваллудаш 2010, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

12 августи соли 2019 ронандаи мошини тамғаи «Тайота-200», Маҳмадиев Фатҳулло Сайдакбарович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, онро ба чуқурии 40 метр чаппа намуд. Дар натиҷа, ронанда Маҳмадиев Ф.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

***

Бояд зикр намуд, ки рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ки сабаби марг ва ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштани шаҳрвандон мегарданд, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд.  Тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҷаҳон беш аз 1 млн нафар ба ҳалокат расида, 50 млн нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рух додани садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби чунин ҳодисаҳо мегарданд, сол аз сол кам шуда истодаанд. Масъулин кам шудани чунин ҳодисаҳоро ба он рабт медиҳанд, ки дар мамлакат заминаи қонунгузорӣ пурзӯр ва миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, маърифати шаҳрвандон боло рафтааст.

«Бинобар сабаби андешидани тадбирҳои судманд ва гузаронидани корҳои тарғиботӣ ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ нисбат ба соли 2018 кам гардидаанд», — иброз дошт Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода даҳаи сеюми моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, дар шаш моҳ дар қаламрави мамлакат 522 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 134 ҳодиса марговар мебошанд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 181 нафар ба ҳалокат расида, 567 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфтанд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як зумра қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Ҳамин тариқ, тибқи тағйиру иловаҳои ба кодексҳои мазкур воридгардида, аз ҷумла муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд ва барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуд.

 

Август 13, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст