Филми «Дуғоб» дар Кинофестивали байналмилалии «Само» дар Шветсия иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳмуддати «Дуғоб»-и коргардон Зайнулобиддини Мусо дар Кинофестивали байналмилалии «Само»-и Шветсия иштирок менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, муҳтавои филм дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки дар як деҳаи дурдаст зиндагии худ ва писари хурдсолашро танҳо бо ҳунармандӣ таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ дароранд, аммо бинанда ба росткорӣ ва ишқи пок доштани ин зан шоҳид мегардад.
Коргардони филм Зайнулобиддини Мусо, наворбардор Мумин Латифӣ буда, Ансорӣ Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов дар ин филм нақш офаридаанд.
Бояд зикр намуд, ки Кинофестивали байналмилалии «Само» соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар Шветсия таъсис ёфта, ҳар сол аз 13 то 15 сентябр дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад. Имсол филми «Дуғоб» дар саҳифаи қабули филмҳо дар раддаи 5-ум қарор дорад.
Ҳаҷми филми «Дуғоб» 35 дақиқа буда, бори аввал аст, ки он дар фестивали берун аз ҷумҳурӣ иштирок менамояд. Филми кӯтоҳмуддати «Дуғоб» миёнаи солҳои 2018-2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» истеҳсол шудааст.
АКСҲО аз ҷараёни сабти филми «Дуғоб».










Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид






