ФУТБОЛ: Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2022 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Усмон Тошев ҳайати дастаи мунтахаби мамлакатро дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои мунтахаби Қирғизистон (5 сентябр, Душанбе) ва Муғулистон (10 сентябр, Улан-Батор) эълон кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, барои омодагӣ ба марҳилаи муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҷалб шуданд. Инчунин ба ҳайати дастаи миллии мамлакат чор легионери ҳамлагар — Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА» — Индонезия), нимҳимоятгарон — Парвизҷон Умарбоев («Локомотив» Пловдив — Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор» — Ӯзбекистон) ва Манучеҳр Ҷалилов («Персебая»- Индонезия) даъват шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии хешро барои бозиҳои муқаддамотии ҶҶ-2022 28 август оғоз мекунад. Бозингарони ин даста бозии нахустини худро дар марҳилаи муқаддамотии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи «F» бар зидди Қирғизистон 5 сентябр баргузор мекунанд. Оғози бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии ҶҶ-2022:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров (бе даста);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду – «Кӯктош»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






