Маҳсулоти полезие, ки беш аз 5000 сол пеш аз ҷониби инсоният омӯхта шудааст. Имрӯз дар Душанбе Иди каду таҷлил гардид

Август 25, 2019 11:24

ДУШАНБЕ, 25.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 25 август дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт  бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду баргузор гардид. Дар ин намоиш- фурӯш кишоварзоне, ки дар ноҳияҳои худ ғолиби озмуни «Беҳтарин кадупарвар» гардида, соҳиби роҳхат ба  Иди каду гардида буданд, иштирок намуданд.

Дар намоиш-фурӯши навъҳои беҳтарини каду намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Намоишгоҳи мазкурро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар мамлакат дар соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шудааст, ки яке аз онҳо Иди каду мебошад.

Ба таъкиди М. Пайшанбезода, баргузории намоиш-фурӯши каду ҳавасманди марди деҳқонро зиёд намуда, роҳу усули боз ҳам беҳтар парвариш кардани каду дар мамлакат мебошад. Инчунин баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Дар намоиш- фурӯши каду кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни каду, таомҳои аз каду омодашуда ва дигар хӯрокҳои миллиро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт пешниҳод намуданд.

Тавре муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова иброз дошт, айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 4 намуди каду- гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду парвариш карда мешаванд. Вазорати кишоварзӣ тасмим дорад, ки сол то сол кишти маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла кадуро бештар намояд.

Дар макони баргузории Иди каду гӯшаи тавсияҳо ташкил гардидааст,  ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши каду ва манфиатҳояш, инчунин ҷиҳатҳои фоидабахши донаи он маслиҳату тавсияҳо медоданд. Инчунин зимни намоиши мазкур варақаҳои тавсиявӣ ба иштирокдорон тақдим мегардиданд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти кадугӣ дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор 50 фоиз арзон манзури сокинону меҳмонон  карда шудаанд.

Инчунин дар як гӯшаи майдон санъаткорони тоҷик макони баргузории намоишгоҳро ба идгоҳи воқеӣ табдил додаанд.

Дар ҷамъбасти Иди каду ғолибон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки каду  беш аз 5000 сол пеш  аз ҷониби инсоният омӯхта шуда, ба шарофати мазза ва хусусиятҳои ғизонокиаш то имрӯз чун маҳсулоти дӯстдоштаи мардум боқӣ мондааст.

Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино  навиштааст, ки як кадуро ба се қисм ҷудо карда, бемориҳои гуногунро метавон бо он шифо бахшид:

Яъне агар кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихӯранд, мӯътадилтарини мураббоҳост, ки майнаро қувват мебахшад, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои аз бисёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар меъда балғам бисёр набошад, ин зуд ҳазм мешавад, вале агар балғам мавҷуд бошад, худаш ба он мубаддал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукмизоҷон беҳтар ва муносибтар аст назар ба шакарии он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмкунанда мебошад.

Пӯсти хушки кадуро сӯхта, ос карда бипошанд, рафтани хунро манъ мекунад, захмҳои хӯранда ва решҳои хушкмизоҷро дафъ мекунад. Агар ин ордаки пӯсти сӯхтаи онро бо равғани нави гов сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро шифо мебахшад.

Тухми кадуро кӯфта, бо орди ҷав сиришта, батакрор гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад. Кадуро кӯфта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро даво меоварад.

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони мамлакат имсол барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ бо маҳсулоти полезӣ дар майдони 21890 гектар кишт гузаронида, дар нимсолаи аввал 208 886 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамоварӣ намудаанд.

                                                               Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
                                        Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОНОВ (аксҳо),
                                              хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Август 25, 2019 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд