МАРҲАБО БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА! Кумитаи рушди сайёҳӣ хатсайрҳои нав таъсис дод

Август 30, 2019 15:44

ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

«Дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чораандешиҳои пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва инфросохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир, бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар ноҳияи Данғара хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Ин хатсайр натиҷаи ҳамкориҳои зичи  Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара буда,  барои рушди сайёҳӣ дар ин минтақа равона шудааст», — илова намуд манбаъ.

Хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологии ноҳияи Данғара ташкил карда шуданд. Аз ҷумла мақбараи “Хоҷа Шақиқи Балхӣ”, ки аз маркази ноҳияи Данғара дар масофаи 18 километр ҷойгир аст, аҳамияти баланди таърихӣ  дорад. Барои сафар ба ин макони таърихӣ истифодаи ҳама гуна нақлиёт имконпазир аст. Хоҷа Шақиқи Балхӣ яке аз симоҳои намоёни  ҷаҳони ислом буда, дар Балх дар оилаи сарватманде ба дунё омадааст. Ин чеҳраи  машҳури олами ислом  барои идомаи таҳсил  ба назди  имомҳои машҳури замонаш рафта, улуми Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навиштаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Нафҳат-ул-унс”  устодони Шақиқ Имоми Зафарӣ машҳур будааст.  Оромгоҳи ин орифи бузург дар ноҳияи Данғара  мебошад, ки аз тарафи шарқ бо кӯҳҳои баланд печида шудааст.

Ин макони таърихӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиб буда, ташкили хатсайри нав ба ин Мақбара барои афзоиши шумораи сайёҳон беҳбуд мебахшад.

Хатсайри сайёҳии “Мақбараи  Шаҳиди сари Қалъа” низ аҳамияти бузурги саёҳати фарҳангию таърихӣ дошта, аз маркази ноҳия дар масофаи 3 км қарор гирифтааст. Ин мақбара макони боздиду зиёрати ҳазорон нафар мебошад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  соли 2005 аз тарафи Вазорати фарҳанг корҳои ковишгарӣ дар ин макон гузаронида шуд, ки дар он бостоншиносон Усмонҷон Эшонзода, Музаффар Азизов бо намояндаи Осорхонаи миллӣ, Худойдод Раҳимов  иштирок доштанд.

Маълум гардид, ки  ин ёдгории таърихӣ ба асрҳои 9-10 рост меояд.   Аз боқимондаҳои деворҳои он хулоса шуд, ки  дар ин ҷо аз ду тарафи мақбара ду манора мавҷуд будааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки манораҳо аз 6 метр баланд сохта мешаванд ва ин Мақбара аз 4 толор иборат будааст. Толори аввал барои шахсоне, ки ба зиёрат меомаданд.  Гуфта мешавад, ки ин ҷо аз китоби Қуръон сураҳои тиловат мекарданд, зеро дар дохили ин толор гирогирд курсиҳои хиштин воқеъ аст ва дар мобайн шамъдон ҷойгир шудааст.

Дар толорҳои дигар марқабҳо арзи ҳастӣ доранд, ки ба 11 адад мерасанд. Болои сангҳои мақбараҳо кошинкорӣ шуда, нақшбандӣ гардидааст ва ин нақшҳо бо рангҳои олӣ рангмолӣ шудаанд, ки қисман зарҳал низ давонида шудааст. Вале то замони мо сифаташро гум накардааст. Деворҳо бошанд гаҷкорӣ гардиданд. Дар маъхазҳои зиёди таърихӣ дар бораи ин мақбара ишораҳо ба чашм мерасанд, ки бешубҳа аз шаҳомати ин ёдгории таърихӣ гувоҳ аст.

Дар заминаи Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин ҳам хатсайри нави сайёҳӣ таъсис ёфт, ки дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 6 км дуртар воқеъ гардидааст.

Мавлоно Тоҷиддин Дашти Кулакӣ орифи бузург, суфии машҳури тариқати Нақшбандия соли 1318 дар Дашти Кулак (Данғараи имрӯза) ба дунё омадааст. Мавлоно дар хурдсолӣ дар зодгоҳаш савод гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро меравад.  Асарҳои ӯ то замони мо пароканда расидаанд. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки Баҳовуддини Нақшбанд ба Мавлоно Яъқуби Чархӣ гуфтааст, ки шумо ба Балх сафар доред, ҳатман аз Мавлоно Тоҷиддин хабар гиред. Ӯ яке аз авлиёулоҳон аст. Ӯ то лаҳзаҳои вопасини умраш дар зодгоҳаш, Дашти Кулак, умр ба сар бурда, соли 1388 дар ҳамин ҷо (деҳаи Корези ноҳияи Данғара) дунёро тарк мекунад. Дар асри XIV муридонаш дар болои теппаи назди деҳаи Корез мақбарашро сохтанд.

Ин макон ҳам яке аз мавзеъҳоест, ки мардум аз дохилу хориҷ ба зиёрат меоянд.

Мавзеи дигари сайёҳӣ “Мақбараи Мавлоно Обиддин” мебошад, ки барои саёҳати фарҳангию таърихӣ пешбинӣ гардидааст. Ин Мақбара ҳам дар наздикии маркази ноҳия воқеъ мебошад.  Маволоно Обиддин баробари Маволоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ буда, аз пайравони аҳли тариқат  будааст. Он дар асри XIV аз хишти пухта сохта шуда, дорои як ҳуҷра ва саҳонаи зеризаминӣ мебошад. Ин ёдгории таърихӣ соли 2006 ба пуррагӣ аз нав тармим карда шуд.

Осорхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара дар маркази ноҳия ҷойгир буда, он ба хатсайри нави сайёҳӣ ворид карда шуд ва ки боздидкунандагон таассуроти ҷолиб хоҳанд бардошт. Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, пажӯҳиш ва намоишдиҳии беҳтарин намунаҳои табиӣ ва волотарин офаридаҳои инсонӣ вазифаи асосии осорхонаҳост, ки хушбатона аз ин ҷиҳат Осорхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара бою рангин аст. Осорхона дорои ёдгориҳои давраҳои сангӣ, бринҷӣ, оҳан ва дигар давраҳои гуногуни давлатдорӣ, зарфу олотҳои қадима ва бозёфтҳои зиёд буда, аз куҳандиёру куҳантамаддунии ин сарзамини бостонӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон ноҳияи Данғара дорои мавзеъҳои ҷолибест, ки фарогирӣ саёҳати экологӣ, аз ҷумла кулу чашмаҳо, боғҳои мева, парваришгоҳи ҳайвоноти нодир аст. Барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ хатсайри “Чашмаи Нуқра” мавзеъи мувофиқу ҷолиб аст. Чашмаи Нуқра дар деҳаи  Иғрон ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 20 км масофа дорад. Чашмаи Нуқра бо оби мусаффо, табиати нодир, кӯҳҳои баланд, гулу буттазорҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот бинандаро мафтун месозад.

Ин макон яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Данғара буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба маркази саиёҳию истироҳатӣ табдил ёфтааст. Дар атрофи чашмаи Нуқра – боғҳои замонавии меваи содиротӣ бунёд ёфта, ниҳолҳои ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, бодом, писта, олу, гелос, биҳӣ, гулбуттаю дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳавзи моҳӣ, гулгашту хиёбонҳои зебо, ҳавзи шиноварӣ, меҳмонхона, корхонаи мевахушконӣ, фермаи парвариши мурғи марҷон, кабк, будана, мурғи даштӣ, парвариши ҳайвонҳои ваҳшӣ, хирс, бузи кӯҳӣ, оҳу ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Парваришгоҳи ҳайвоноти нодири Хуталон диққати ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда, барои боздиди сайёҳон шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар ин мамнуъгоҳ- парваришгоҳ  ҳайвонҳои нодири табиати Тоҷикистон, аз қабили бузи кӯҳии пармашох, гавазн, хук, оҳу, паланг, хирс, кабк, мурғи ҳилол ва ғайраҳо парвариш ёфта истодаанд.

Чойхонаи Хуррамшаҳр — чойхонаи замони соҳибистиқлолӣ буда, яке аз зеботарин ва пурарзиштарин иншооти даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара мебошад. Дар бунёди чойхона ҳунарҳои ҳунармандони чирадасти тоҷик, аз қабили кандакорӣ, чӯбтарошӣ, гаҷкорӣ, гулкашию оинабандӣ гирд оварда шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, ҷамоати Пушинг ба яке аз мавзеъҳои дидании сайёҳӣ мубаддал гардида, дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои хуби сайёҳии экологӣ мебошад. Ҷамоати Пушинг — деҳаи қадимтарин буда, дар он нишонаю ёдгориҳои қарни ибтидоӣ, ёдгориҳои давраи асри санг, биринҷӣ, оҳан ва ғайраҳо мавҷуд мебошад, ки то замони мо омада расидаанд. Пушинг дар замони империяи Кушониён бо номи шаҳри Ҳушанг маълуму машҳур будаасту яке аз шаҳрҳои тараққикардаи он давр ба ҳисоб мерафтааст. Дар Ҳушанг ҳунармандону косибон ва коргоҳу рустоҳои ҳунармандон низ мавҷуд буданд, ки осори онҳо то ба имрӯз боқиӣ мондааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Пушинг ба яке аз мавзеъҳои зебо табдил ёфта, дар он инфрасохтори муҳим, аз қабили боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, кули дамгирӣ, маидони варзишӣ, растаҳои ҳунармандон ва дигар шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Ба ин хатсайр ҳамчунин як меҳмонхонаи замонавӣ низ ворид мешавад, ки бо тамоми шароитҳои муосир бунёд ёфтааст. Ин меҳмонхона дорои 12 ҳуҷра буда, 30 рахти хоб  буда, дари он ҳамеша ба рӯйи меҳмонону сайёҳон  боз аст.

Ёдовар бояд шуд, ки Маркази хизматрасонӣ ва иттилоотии сайёҳӣ дар ин ноҳия таъсис ёфта, дар ҷамоати деҳоти “Корези”-и ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Иншооти мазкур ба хатсайри сайёҳии Душанбе – Данғара – Балҷувон – Ховалинг – Муъминобод – Душанбе низ ворид гардидааст, ки ширкатҳои саиёҳӣ аз он васеъ истифода менамоянд.

 

Август 30, 2019 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд