Меҳмонони Форуми байналмилалӣ аз инфрасохтори сайёҳии минтақаи Варзоб боздид намуданд

Август 8, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 08.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокчиёни нахустин  Форум ва Намоишгоҳи  байналмилалии  сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе  оғоз мегардад,  ба дараи зебоманзари Варзоб, ки яке аз минтақаҳои  беҳтарини  сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ташриф оварданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода иттилоъ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки  дараи  Варзоб  ҳанӯз соли 2000 бо  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Минтақаи сайёҳӣ» эълон гардида, дар зарфи ин солҳо дар ин минтақа инфрасохтори гуногуни сайёҳӣ, ки барои рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ба истифода дода шудаанд. Яке аз чунин инфрасохтори  туристӣ Маҷмааи истироҳатию фароғатии «Кохи Малика» мебошад, ки дар шафати дарёи Варзоб  бунёд гардида,  дорои тамоми шароити истироҳату фароғати мутобиқ  ба меъёрҳои сатҳи  байналмилалӣ мебошад. Меҳмонон зимни боздид аз  ин маҷмааи истироҳатию фароғатӣ  бо  шароиту  имконот ва сатҳи хизматрасонии он шинос гардиданд.

Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии  «Тоҷикистон 2019» ба  Осоишгоҳи табобатию солимгардонии  «Хоҷа Оби Гарм»  ташриф оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки   Осоишгоҳи табобатию солимгардонии  «Хоҷа Оби Гарм»  дар баландии  1740 -1960 метр ҷойгир  буда, дар он барои истироҳаткунандагон тамоми  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Август 8, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид